Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Нагуфтию вале кори худатро карда гаштаӣ, акнун гурехта равад-чӣ?
-Ба ягон роҳи дур намеравад. Дар ин бора ман ӯро огоҳ намуда забонхаташро гиирфтам, ки то ҳал шудани масъала ҷои истиқоматашро дигар накунад.
-Чаро ӯро се шабонарӯз нигоҳ надоштед?
-Чунки барои ин ягон асос набуд. Дишаб майори милиса Абдумаҷидов алибии ӯро санҷида омад ва дигар ӯро имконияти нигоҳдорӣ набуд.
-Имконият буду худатон нахостед. О, дирӯз Ҳамза Сафо ашёҳои аз мағозаи ҷавоҳирот ғоратшударо шинохт-ку ва худатон ӯро пурсидед. Магар ҳамин кифоя набуд? О, аз хонаи вай ягон каси дигар калид надошта бошад, пас чӣ хел молҳои мағоза дар хонаи ӯ пайдо шуданд? О, лаҳзае сари ҳамин масъала андеша накардед?
Дуздро бо далелҳои шайъӣ дастгир намуда, ба милиса овардему ҷанобашон (ӯ ба тарафи Зарифов ишора кард) ӯро аз рӯи ҳамдилӣ ҷавоб додааст.
-Ҳеҷ гоҳ ман бо ҷинояткор ҳамдил нестам, вале ман ҳуқуқ надорам, ки шахси бегуноҳеро беасос дар милиса нигоҳ дорам!
-Ёфтед бегуноҳро, худату Абдумаҷидов беҳтар мешуд, ки ба адвокатура мерафтед. Ба фикрам, дар он ҷо манфиататон ба мардум бештар мерасид.
-Абдумаҷидовро-ку намедонам, вале ман худам ба ягон ҷо рафтанӣ нестам ва метавонед ин пахтаи ғафлатро аз гӯшатон гиред, - гӯён Зарифов аз пеши дар, ки ҳанӯз рост меистод, ба қафо баргашт...
...21...
Майори милиса Абдумаҷидов сари субҳи рӯзи чоршанбе аз хона рост ба хоҷагии коммуналии шаҳр ба суроғи Назари Гадо ва Хусрави Шодӣ рафт. Сараввал ӯ бо Хусрави Шодӣ дар утоқи кории сариқтисодчӣ хеле суҳбат кард, чун фаҳмид, ки ронанда аз чизе хавф мебарад, Назари Гадоро низ ба он ҷо таклиф кард ва ҳамин хел бе протокол бо онҳо суҳбати ошкоро намуд. Ӯ ба кормандони хоҷагии коммуналӣ фаҳмонда дод, ки тафтишот дар ақидае ҳаст, ки марги Сабзаев риштаеро ба мағозаи ҷавоҳирот мебарад ва агар рафту кормандоне, ки худи ҳамон шаб дар минтақаи мазкур хизмат мекарданд, ягон ҳолатеро дида бошанд, бигузор он ҳолат ночиз ва назарногир ҳам бошад, бояд ба тафтишот аз рӯи қарзи шаҳрвандӣ ёрӣ расонанд.

пешина
аз 429
навбатӣ