Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Охир онҳоро касбашон ҳамин ва албатта барои ҳар як ҷинояти содиршуда ҷавобгаранд. Фарз кардем ҳамон калони милисаҳо дар хона манро чунон бо нағзию оромӣ пурсид, ки худам ҳам шарм доштам, вале чун ба идорааш рафтем, симои дигари хешро нишон дод. Аҷиб, чаро он кас алибии маро напурсид, мумкин тарсид, ки рафту суханонам тасдиқ шаванд, корҳояшон расво мешавад.
Бубин, ки нисбати он ду милисаи дигар ҷавонтару вале аллакай калони онҳо. Магар ин унвону вазифаро барои ҳақпарстиаш доданд ё барои...
Ҳеҷ боварам намеояд ки ҳақпараст бошад. Агар ӯ ҳақпараст мебуд, чӣ хеле ки фардо субҳ он ҳамкоронаш маро пурсиданд, бояд ҳамон хел алибии маро мепурсид ва баҳри санҷиши он кӯшиш ба харҷ медод.
Не, не, ӯ аслан шуҳратпараст буд ва баҳри ба даст овардани шуҳрат тайёр буд ки ҳақиқатро рӯйпӯш кунад. Вазифаро бошад, баҳри он соҳиб шудааст, ки сухани сардорро аз қонун боло гузошта, ба ҷои салла ҳамеша калларо бурда...
Он ду нафар ба гумон аст, ки ба мансаби калоне соҳиб шаванд, чунки онҳо бо ин амалашон аллакай ба рӯи сардор чанг заданд ва ба гумон аст, ки ин рафторашон писанди калонашон гардад. Охир калонашон худи он шаб манро бо далелҳои шайъӣ дастгир кард, мисли оне, ки “дуздро дар обмӯрӣ медорӣ” ва он ду нафар бар хилофи меҳнатҳои якшабаи калон қонуну ҳақиқат гуфтаи ҳамаро ба бод доданд. Шояд барои он калони муштзӯр тақдири одам қурбе надошта бошад, вале шукри Оллоҳ таоло, ки ҳақиқат бар рағми беадолатӣ будааст ва маҳз некӣ ба бадӣ, хайр бар шар ғалаба кард...
...25...
Марги Сабзаев таваҷҷуҳи тафтишотро нисбати фаъолияти кориаш бедор кард ва субҳи рӯзи ҷумъаи 5 апрел ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ майори милиса Абдумаҷидов ангушт ба дари шуъбаи кадрҳои идораи сохтмону меъмории шаҳр, ки дар яке аз мавзеъҳои навбунёд ҷойгир буд, зад. Мудири шуъбаи кадрҳо зани тахминан чилупанҷ-панҷоҳсолаи гандумгун, ки дар тарафи рости

пешина
аз 429
навбатӣ