Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

зери чашмаш холи калони сиёҳе дошт, матлаби ӯро шунида, нафареро ба воситаи телефон наздаш хонда гуфт:
-Ҳамроҳи рафиқ майор ба бойгонӣ рав ва ҳуҷҷатҳоро оид ба фаъолияти собиқ сармеъори шаҳр Ғанибой-ако Сабзаев ба ӯ нишон деҳ.
-Барояшон ягон ҳуҷҷат тайёр намоем? - пурсид он бону аз сардори шуъбаи кадрҳо.
-Ягон ҳуҷҷат барои тафтишот лозим аст? - дар навабти худ пурсид сардори шуъбаи кадрҳо.
-Дар шакли мухтасар як маълумотнома кифоя.
-Худашон гап мезананд, ки кадом маълумотҳо лозим ва ба онҳо рухсати рафтан дод.
Бойгонӣ аслан дар таҳхонаи бино воқеъ гардида, ҳамон ҷавонзан мудири он ҳисоб мешудааст.
Чун онҳо ба таҳхона фаромаданд, бону сараввал тугмачаи болои дарро зер кард ва аз гӯшаҳои он рӯшноӣ ба чашм расид.
Сипас ӯ дарро кушоду ҳарду ворид бино шуданд. Аз таҳхона, ки аслан бӯи ғализ ва намнок меомад, ки дили шахси бори аввал ба он ҷо воридшуда беҳузур мешуд.
-Ҷои дигар наёфтанд, дар ин ҷо истодан ҳам душвор, аз ин рӯ ман бештар вақт дар шуъбаи кадрҳо менишинам ва чун коре пеш ояд, ба ин ҷо мефароям, - ҳасрат карда гуфт мудири бойгонӣ.
Сипас чун ӯ ва меҳмон сари мизи корӣ нишастанд, мудири бойгонӣ бори дигар аз мақсаду мароми корманди милиса пурсон шуда, аз ҷои бархест ва лаҳзае пас чанд ҷузвдонеро ки ба таври типографӣ дӯхта шуда буданд, гирифта баргашт...
Абдумаҷидов дар давоми зиёда аз ду соат ба ҳуҷҷатҳои дохили ҷузвдон шинос шуда, оид ба фаъоиляти қариб сисолаи Ғанӣ Сабзаев ба таври мутахассар маълумот гирифт. Дар ин муддат мудири бойгонӣ дар асоси ҳуҷҷатҳо маълумаотномае тартиб дода, онро бо имзои хеш ва муҳри бойгонии идораи сохтмони шаҳр тасдиқ карда, ба дасти ваколатдори кофтукови ҷиноятии ШКД-и ноҳияи Гулистон супорид...
Абдумаҷидов дар рафти шиносоии ҳуҷҷатҳо ба хулосае омад, ки Сабзаев яке аз муҳандисони асосии дар ғорат намудани мағозаи калонтарини ҷавоҳироти шаҳр ба ҳисоб меравад ва ҳаммаслаконаш ҳиссаи хешро бо ӯ тақсим кардан нахоста, сохтмончии хизматнишондодаро аз дорулбақо ба дорулфано фиристодаанд...

пешина
аз 429
навбатӣ