Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Муовини сардори ШКД-и ноҳияи Гулистон капитани милиса Масрури Мӯсо аслан мурғи посӯхтаеро мемонд. Аз он ки муовини сардор ба чунин ҳол расида буд, ба ҷуз худаш каси дигар гунаҳкор набуд. Агар ӯ дар вақташ алибии гумонбаршуда Давлат Баҳромро, ки шарти асосии ҳама гуна пурсиш аст, месанҷид, имрӯз дар назди сардори Раёсат сурху сафед намешуд.
-Аввал андеша, баъд гуфтор ва он чӣ ки худат корро насанҷида, ҳамаи моро гумроҳ сохтӣ ва мо низ аз рӯйи суханҳои пойдарҳавои худат ба вазорат оид ба кушодашавии дуздии мағозаи ҷавоҳирот гузориш додем, кори хуб нашуд, - гӯён сардори Раёсати шаҳрӣ ба ӯ рухсари рафтан дод.
Дигар чӣ ҳам мегуфт Масрури Мӯсо. Ӯ бо табъи хира ва дили ҳазин аз дафтари кории шефи милисаҳои шаҳр, ки моҳе пештар вақти ба вазифа таъин шуданаш барои суҳбат даромада буд, берун шуд. Дар роҳрави дароз болои қолини серпати камбар ҳаракат карда, калавидани хешро ҳис кард ва ё ҳамин хел дар назараш намуд. Ба ҳар ҳол каме дар ҷояш истод ва сипас аз паҳлуи қолин рӯи фарши сахт ҳаракат карда, ба ошёнаи якум фаромад ва бо ишораи сар бо милисаи дарбон худоҳофизӣ намуда берун баромад.
Шамоли серуни баҳорӣ ба сару рӯяш зад, вале ӯ форамии онро ҳис накард. Мехост ҳарчи тезтар ба идора рафта, борони қаҳру ғазабашро ба сари зердастон резад ва ё ҳамон донишҷӯи муттаҳамро пайдо карда, то субҳи фардо гуноҳашро ба гарданаш дайн намояд, то онҳое, ки лаҳзае пештар ӯро сарзаниш намудаанд, бифаҳманд, ки Масрури Мӯсо кист.
Ӯ сари роҳ баромада таксиеро манъ намуда, ба ҷойи кораш омад. Аз пеши навбатдор мисли тири аз камон ҷаста гузашта ба дафтари кориаш рафта, ҷисми бемадори хешро болои курсии мулоим партофта, лаҳзае ба андеша рафт.
Сипас гӯшаки телефони дохилиро бардошта, ба навбатдор супориш дод, ки Абдумаҷидов ва Зарифовро ёфта ба наздаш фиристад. Дар интиҳо гӯшакро ба ҷояш гузошта, телефони шаҳриро ба пешаш оварда, дар диск чанд тугмачаро зер кард ва чун овозро шунид, гӯшакро бардошт.
Чун Зарифов вориди утоқи кории муовини сардор шуд, ӯ бо дасташ ишора кард, ки каме дар берун сабр кунад ва танҳо баъди панҷ дақиқаи гуфтугӯи телефонӣ ӯ бо тағояш худоҳофизӣ карда, бори дигар хотиррасонаш намуд, ки бе фикраш набошад, рафту ягон нотавонбине боз...

пешина
аз 429
навбатӣ