Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Марҳамат дароед,-овоз рӯшан кард ӯ, вале аз Зарифов дарак нашуд ва ӯ аз ҷои бархоста рафта дарро кушод, дар паси дар ҳам касе набуд ва боз омада ба курсӣ нишаста, ба воситаи телефони дохилӣ супориши хешро такрор кард.
Тахминан баъди панҷ дақиқа Зарифов ва Абдумаҷидов вориди утоқи Масрури Мӯсо гаштанд.
-Ҳа, куҷо гум шуда рафтӣ? - ба тарафи муфаттиш нигариста гуфт ӯ.
-Нахостам, ки ба гапҳои маҳрамонаи шумо шоҳид шавам.
-Чӣ хел гапи маҳрамона?
-Ҳамин хел одӣ, о вақте ки маро аз пеши дар рондед, хаёл кардам, ки бо каси дар он тарафи сим буда гапи маҳрамона доред ва ба дафтари кории хеш рафтам, чунки ман ҳамеша онҳоеро, ки дар паси дар истода гап гӯш мекунанд, чашми дидан надорам.
-Ман на бо кадом оимчае, балки бо Раёсати кадрҳои вазорат гап мезадам.
-Нағз ки ман рафтам, вагарна Худо медонист гуфтугӯи шумо ошкоро шавад.
-Бо генерал гап задан осон нест. Акнун гӯед, ки ҳамон сағира дар куҷост?
-Кадом сағира.
-О ҳамон донишҷӯи муттаҳам.
-Давлат Баҳром?
-Боз кӣ мешуд? -Аз рӯйи шумо шуда, имрӯз ман дар назди худи сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳр ним соат рост истодам, замин накафид, ки дароям...
-Чаро аз рӯи мо будааст? - ниҳоят бори аввал ба суҳбат ҳамроҳ шуда пурсид Абдумаҷидов.
-Гӯё ки намедонед.
-Аз куҷо донам. Агар гап дар бораи озод намудани гумонбаршуда равад, бояд арз кунам, ки ин ҷо ягон қонуншкание нест.
-Чӣ хел қонунишканӣ нест, охир кӣ дидааст, ки шахсро, бо далелҳои шайъӣ дастгир намоянду, имконияти се рӯз боздоштанаш набошад.

пешина
аз 429
навбатӣ