Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Аз имрӯз эътиборан мо қотилро бояд ҷустуҷӯ намоем, чунки қотил шахсест, ки дар ғорат намудани мағозаи ҷавоҳирот иштирок кардааст, - гуфт ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ.
-Модоме ки мо як дуздаки одиро наёфтем, магар ҳақ дорем, ки аз ёфтани қотил сухан гӯем.
-Қотилро ҷустан осонтар аст, - гуфт Абдумаҷидов.
-Чӣ хел? Бори аввал мешунавам, ки қотилро ҷустан осонтар бошад. Гӯед ки аз кадом пайроҳа мо бояд ба қотил наздик шавем?
-Санҷиши ҳуҷҷатҳои дар истеҳсолотбуда ва ҳамчунин таҷрибаи корҳои ҷустуҷӯӣ худ ба он тақозо мекунад, ки мо бояд қотилро аз пайроҳаи мақтул Сабзаев, ки замоне сармуҳандиси идораи сохтмони шаҳр буд, ҷӯё шавем. Аз он чи ки Сабзаев муҳандиси асосии ғорат намудани мағозаи ҷавоҳирот аст, шахсан ман шаку шубҳае надорам ва аминам, ки агар зиндагии ҳафтаи охири Сабзаевро мо муайян намоем, бо қотил рӯ ба рӯ хоҳем шуд.
-Ин ба гуфтан осон.
-Осон ҳаст ё не, мо роҳи дигаре надорем, чунки ҷинояткор на дар мағоза ва на дар ҷои куштор аз худ нақше нагузоштааст ва ин аз дараҷаи баланду професионалии ӯ шаҳодат медиҳад, вале ман аминам, ки дар ягон ҷо сари шишаи май қотилу мақтулро дидаанд.
-Агар инаш ягон натиҷа надиҳад-чӣ?
-Дар он сурат мо бояд пайвастагиеро дар зиндагии Давлат Баҳром ва қотил ҷӯё шавем, - гуфт Абдумаҷидов...
-Он донишҷӯи гуфтаатон чӣ зиндагие доштааст, ки боиси рақобати дигарон гардад?
-Ба ҳар ҳол пасту баландиҳои зиндагӣ зиёданд, рафту...
-Гумон доред, ки донишҷӯ чун гурбаи сиёҳ дар чорроҳаи зиндагӣ аз пеши нафаре гузаштааст?
-Ҳамин хел шуданаш ҳам мумкин.
-Пас чаро, вақте ки боздоштшуда ҳамин ҷо буд, ба ин масъала рӯшанӣ наандохтед?
-Мо сари ин масъала ҳам баргаштем, вале вай чунин ранг гирифтани масъаларо инкор кард.
-Давлат Баҳром инкор карду шумо чун занбӯри асал ба ширинӣ часпидед.
-Чӣ хеле ҳам набошад, сари ин масъала кор кардан лозим меояд, - гуфт Абдумаҷидов.

пешина
аз 429
навбатӣ