Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Далели шайъӣ ин ҳанӯз исботи гуноҳ нест ва он далелро метавонад ба мақсади пинҳон кардани нақши асосии ҷиноят дигар кас ҳам монда равад.
-Набошад канӣ он кас?
-Он кас ҳоло дар озодӣ маишат карда гаштааст, вале оқибат мо тавилаи ӯро кашида мемонем, ки маишатҳои кардааш аз нӯги биниаш бароянд, - луқма партофт муфаттиш.
-Аз рӯи шумо шуда ман худро беобрӯ намекунам, ҳар чӣ ҳам набошад Давлат Баҳромро ҷеғ зада ҳамроҳаш кор кунед.
-Вай аллакай материали коркардашуда аст ва ба фикри мо аз маъдани коркардашуда тилло ҷустан хатост.
-Ин ақидаи шахсии худи шумост ва ё аз ҳардуятон?
-Ин ақидаи шахсии худи ман, вале ба фикрам Ҳикматулло Убайдуллоевич ҳам фикри бандаро дастгирӣ мекунад, ҳамин хел не?
-Ҳамин хел, рафиқ майор, - посух дод Зарифов.
-Набошад, ба сардори раёсат ман чӣ ҷавоб диҳам?
-Ягон ҷавоб надиҳед, чунки дер ё зуд парвандаи ҷиноии дуздии мағозаи ҷавоҳиротро прокуратура талаб карда мегирад.
-Чӣ онҳо аз мо босаводтаранд?
-Ман ин хел нагуфтам, вале парвандаи мазкурро ба парвандаи ҷиноии куштори Сабзаев ҳамроҳ мекунанд.
-Кӣ ин гапро гуфт?
-Ман, - гуфт Абдумаҷидов.
-Рафту дар ҳақиқат ҳамон донишҷӯи муттаҳам қотили Сабзаев бошад?
-Донишҷӯ алибии раднашванда дорад, аз ин бармеояд, ки ӯ на ба дуздӣ алоқае дораду на ба куштор.
-Наход?
-Ҳамин хел ва агар муфаттиш нисбати он кас ягон маълумоте дошта бошад ҳам, баҳс намекунам.
-Тафтишот нисбати Давлат Баҳром ягон далеле надорад ва аз он чӣ ки ҳарду парвандаи ҷиноиро як мекунанд, ин танҳо ба манфиати кор аст,- гуфт Зарифов.
-Чӣ хел манфиат, аз ду сар ҷинояткоронро мо муайян накардаем ва агар рафтор ҳамин хел бошад, Худо медонад...

пешина
аз 429
навбатӣ