Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Аслан барои ҷиноятро содир намудан шарт нест, ки ҳатман онро бо дасти хеш ба анҷом расонӣ. Дар амалиётҳои ҷиноятӣ ҳар кӣ нақши хешро дорад. Мисли корҳои сохмтонӣ.
-Набошад аз ман чӣ мехоҳед ё гумон мекунед, ки банда ҳам яке аз нақшофарандагони он амалиёт ҳастам?
-Ҳаргиз мо ин хел фикр ҳам накардаем. Азбаски амалиёт ниҳоят моҳирона ба анҷом расонида шудааст, мо мехостем, ки дар бораи ҳаёти як ё ду ҳафтаи охири мӯйсафедатон нақл мекардед.
-Магар ин ягон чиз медиҳад?
-Намедонам.
-Пас чаро ҳам худ ва ҳам маро азоб медиҳед?
-Кори мо ҳамин хел ва бораи азоб додани шумо пешакӣ маъзарат мепурсам, вале мо баҳри рӯшноӣ андохтан дар ин муаммои сарбаста маҷбурем шуморо пурсем.
-Ин хел бошад ман розӣ, марҳамат пурсед.
-Оё дар давоми як ё ду ҳафтаи охири дар қайди ҳаёт будани мӯйсафед дар ҳаракатҳои ӯ ягон ҳолати ғайридиро мушоҳида накардед?
-Не.
-Дар ҳамин муддат ӯ дар бораи шиносоиаш бо ягон нафар ва ё дидани ягон шиноси деринааш гап назад?
-Ҳа, як бегоҳ гуфт, ки кадом як духтури ҷарроҳро вохӯрдааст, ки аз дасти баъзе нокасон дар зиндагӣ пешпо хӯрдааст. Маҳз ҳамон ҷарроҳ дар вақташ ӯро аз марг наҷот дода будааст.
-Ному насабашро нагуфт?
-Ба фикрам не.
-Дар бораи маризи ҳамонвақтааш нагуфт.
-Дар гурдааш санг будааст.
-Дигар ягон сухане дар бораи зиндагии ҳозираи он ҷарроҳи раҳмдил нагуфт.
-Не.
-Дар кадом беморхона ҷарроҳи карданашро ҳам намедонед?
-Не. Вале шояд Фаттоҳ дар ин бора хабар дошта бошад.
-Рост. Албатта, дар ин бора аз Фаттоҳ мепурсем.
-Наход гумон кунед, ки ҳамон хел ҷарроҳи ҳозиқ ба ғорату куштор даст занад?
-Ман ҳеҷ гумон накардам.

пешина
аз 429
навбатӣ