Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Набошад, дар атрофи кадом як ҷарроҳе, ки шояд ҷони садҳо одамонро аз марг наҷот додааст, чӣ лозим ин қадар кофтуков?
-Чӣ хел кофтуков, ман пурсидам шумо гуфтед, ки ҷарроҳеро ҳафтаи охири ҳаёташ ба ёд овард. Аслан ман донистан мехостам, ки чаро маҳз ҷарроҳро тайи чандин сол ба ёд наоварду яку якбора ба ӯ ҳамдил буданашро иброз намуд. Аслан донистан мехоҳам, ки кадом нокасе дар зиндагӣ чун гурбаи сиёҳ аз пеши он ҷарроҳи муътабар баромадааст?
-Ман аз куҷо донам?
-Рафту агар ягон ҳолати дигарро аз зиндагиномаи ҳафтаҳои охири дар қайди ҳаёт будани мӯйсафед ба ёд биёред, ана бо ҳамин телефон (Абдумаҷидов рақами телефони идораро дар пораи коғазе навишта ба дасти Сабзаева дод) занг занед, вай бо соҳибхона хайрухуш намуда аз дар баромад...
Тамоми роҳ ӯ сари суҳбати на чандон тӯлонии хеш бо Сабзаева андеша кард:
-Кист он ҷарроҳи аз дасти нокасон дар зиндагӣ пеши по хӯрда?
-Чаро мӯйсафед Сабзаев дар рӯзҳои охири умри хеш ҳамон ҷарроҳи нокомро ба ёд овардааст?
-Ин ҳамдилии сохтмончии хизматнишондодаро бо ҷарроҳи ноком чӣ тавр бояд фаҳмид?
Ҳамаи ин саволҳо ҷавоб мехостанд, вале замин сахт буду осмон баланд ва ваколатдори кофтукоҷи ҷиноятӣ дар аъроф монда...
Абдумаҷидов аз таҷрибаи чандинсолаи кори хеш дар милиса нағз мефаҳмид, ки ҳар кор вақту соат дорад ва чун вақту соаташ ояд, ҳар як муаммо аз хеш дарак медиҳад, танҳо ҳамаи инро як шарт аст, ин ҳам бошад, ёфтани нӯги гиреҳ ва чун нӯги гиреҳ ба даст ояд, чун ҳамон латифаи бағдодӣ калоба ҳосил шавад. Муаммо бошад, ҳаргиз аз калоба берун нест.
То кадом андоза ӯ ба кушодани муаммо наздик буд, худаш ҳам намефаҳмид, вале дилаш гувоҳӣ медод, ки ӯ аллакай нӯги гиреҳро ба даст гирифта. Фақат лозим буд, ки дар калоба намудани он гиреҳ ба хато роҳ надиҳаду риштаи гиреҳро аз байн наканад.
Акнун сари суҳбати хеш бо Хубон Сабзаева андеша карда, самти ҳаракати сохтмончии хизматнишондодаро бо ҷарроҳ муайян кардан хост. Майори милиса мехост бифаҳмад, ки кадоме аз онҳо майли ёфтани дигареро намудааст. Вале ин нӯги гиреҳ ҳисоб намешуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор