Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба андешаи Абдумаҷидов муайян намудани шахсияти ҷарроҳи ноком худ нӯги гиреҳ аст, ба шарте ки агар ҷарроҳ бо сабабе аз кори аслии хеш даст кашида бошад ва ё ӯро маҷбуран аз вазифааш сабукдуш карда бошанд...
-Ист, рафту ҷарроҳро бо хонадони Давлат Баҳром пайвастагие бошад? Пас он чӣ пайвастагиет байни ӯ ва он донишҷӯи бечора?
Не, не, ин ҷо ман ҳам аз меъёр дур рафтам. Ҷарроҳ метавонад бо Сабзаев пайвастагие дошта бошад, чунки ӯ сохтмончии хизматнишондодаро ба қавли ҳамсараш аз марг наҷот додааст...
-Шояд ман беҳуда сари ин масъала андеша меронам. О кӣ дидааст, нафареро ки баҳри аз доми марг баровардани одамон талош варзида, боз даст ба куштор занад. Кош дар ҳамин бора фикри ман тасдиқ нашавад...
Бо ҳамин фикру андеша ӯ ба автобуси аввалин нишаст...
...29...
Аз сари фарзанди одам ҳарчӣ ояд бигзарад. Ду рӯзи расо баъди аз милиса баромадан Давлат Баҳром ёди донишгоҳ накард.
Чун дид, ки касе ба суроғаш наомад, каме ҳам бошад, ором шуда субҳи рӯзи ҷумъаи 5 апрел роҳи донишгоҳро пеш гирифт.
Чун вориди аудитория гашт, аз ҳама пеш Назар Эмом наздаш омад. Аслан Назар Эмомро, ки вазифаи сардори курсро ба душ дошт, ҳамсабақон сутуни курс не, ҳатто сутуни донишгоҳ меномиданд ва мақому мартабаи эшон аз баъзе муаллиму муаллимчаҳои факулта дар пояи баландтаре буд. Ҳамаи инро чӣ сабаб буд, касе намедонист, вале сардор ҳамаро дар як сатҳ медид ва рафту агар касе гуноҳе содир кунад, ӯро шояд фашист мехонд.
Маҳз аз ҳамин нуқтаи назарри ҳамсабақон ба ӯ унвони коммунистро ҳам ҳамроҳ карда буданд. Баробари вориди аудитория шудан Назар Эмом чун сутуни донишгоҳ пешаш ҳозир шуд, вале аз чӣ бошад, ки ба ҷои мазаммат кардан пурсид:
-Бемор будӣ?
Давлат бо ишораи сар сухани сардорро тасдиқ кард ва ба тарафи миз ҳаракат кард. Назар Эмом ҳам дигар чизе напурсид. Аз дасти сутуни донишгоҳ чунин ба осонӣ раҳо шудан ин худ фоли нек буд, вале ӯ ҳеҷ фаҳмида натавонист, ки ҳамкасбон аз ҳодисаҳои се рӯзи охири ба сараш омада огоҳ ҳастанд ё не. Баъди пурсиши Назар Эмом ба гумон буд, ки касе боз сари ин масъала баргардад...

пешина
аз 429
навбатӣ