Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Боз мегӯянд, ки на ҳар кас муодилаҳои математикиро ҳал мекунад. Ин он қадар душвор ҳам нест, вале сад офарин ба онҳое, ки бо тақдири одам даст ба гиребон мешаванд ва ҳақиқатро ҷӯё мешаванд.
...Бубин ки худи Архимед гуфтааст, ки “шумо ба ман маркази заминро нишон диҳед, ман онро такон медиҳам.” Гапи хуб, вале магар ёфтани маркази замин осон аст ва ҳар кӣ онро меёфт, албатта худаш заминро тоб медод. Ҳақиқатро низ на ҳар, кас ҷуста метавонад. Ҷустани ҳақиқат аз ҷустани маркази замин осонтар нест, вале ҳастанд нафароне, ки онро ҷустуҷӯ мекунанд, ҳарчанд ин ҷустуҷӯҳо худи онҳоро ба бало мемонад, чунки боз нафароне ҳастанд, ки барои худнамоишдиҳӣ болои ҳақиқат туф кардан мехоҳанд, бехабар аз он ки ҳақиқат чун хуршед шаффофу беолоиш аст ва онро бо доман пӯшонидан душвор. Ҳақиқат ҳам чун хуршед ҷовидон ва абадист, вагарна зиндагӣ маъние надорад...
-Рафиқ Баҳромов, чаро ҳушатон парешон? - гуфтани муаллими фанни математикаи олӣ ӯро аз байни андешаҳо берун кард ва чун гунаҳкор бо сари хам аз ҷой хест.
-Агар дарс маъқулат набошад, метавонед баромада равед.
-Не, чаро ман гӯш карда истодам.
-Модоме гӯш мекардед, охирин суханони маро такрор намоед
-Шумо каме аз мавзуъ дур рафтед ва дар бораи суханони Архимед гап задед.
-Дар бораи кадом суханаш?
-Дар бораи он ки “шумо ба ман маркази заминро нишон диҳед ва ман онро тоб диҳам”.
-Офарин Баҳромов! Ман бошам гумон кардам, ки фикру хаёлатон дар дигар ҷо. Нисбати оне, ки банда Архимедро ба ёд овардам, ин танҳо ба манфиати шумост. Он чӣ ки манфиаташ дар зиндагӣ мерасад, худ мавзуи томест. Акнун шин.
Дигар ӯ ҳушу гӯш ба дарс шуд. Ҳаминаш намерасид, ки муаллим боз аз нав ӯро пеши тахтаи синф бароварда, сурху сафед намояд.
Дар танаффуси аввалин ҳамсабақаш Рафоат наздаш омада гуфт, ки рӯзи сешанбе як рафиқаш ба суроғаш омада буд.
-Кадом рафиқам?

пешина
аз 429
навбатӣ