Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Номашро намедонам, вале ман ду маротиба шуморо ҳамроҳаш дар роҳ дида будам.
-Ба ӯ нагуфтед, ки ман дар хонаам.
-Бачаҳо гуфтанд, ки ба дарс наомадааст ва шояд дар хона бошад.
-Ташаккур, Рафоат, вале намедонам чаро шумо намепурсед, ки чаро ман ба дарс наомадам.
-Назар Эмом сари субҳ шуморо пурсид-ку.
-Магар ҳамин басанда аст?
-Ба гумон аст, ки касе аз Назар Эмом хубтар шуморо пурсад.
-Рост?
-Рост.
Занг садо доду ҳама боз ба аудитория даромаданд...
Чун дарси навбатӣ оғоз шуд, саманди хаёлоти Давлат ба Чорбоғ парвоз кард. Аслан тайи се рӯзи охир Чорбоғ ҳамеша дар пеши назараш. Ӯ хавфи онро дорад, ки дар деҳ аз саргузашти ҳузновараш хабардор нашаванд. Боз бачаҳо мегуфтагистанд, ки бубин фарзанди ягонаи директори мактаб даст ба дуздӣ задааст.
Чун ҳамеша падараш дар мусобиқаҳои байналхалқӣ буд, замони бачагии ӯ аслан ҳамроҳи бобою бибӣ ва модараш гузашт. Аз чӣ бошад, ки бобояш ҳамеша баъди намоз, ҳангоме ки даст ба фотеҳа мебардошт, фақат як суханро такрор мекард: “Худоё аз марги муфоҷо, аз туҳмати ногаҳмон аз ғорати...” моро паноҳ дор. Он вақтҳо суханони бобо барояш муаммо буданд ва гоҳе рӯйрост ҳам набошад, ҳамин хел пинҳонӣ аз дил мегузаронд, ки бобояш беҳуда метарсад ва ҳамагӣ се рӯз пеш ӯ ба гуфтаҳои бобо сарфаҳм рафт...
Акнун синну соли падар ба ҷое расидааст ва ӯ дигар дар варзиши калон иштирок намекунад. Чор сол пеш ӯро ба вазифаи директори мактаби Чорбоғ таъин карданд. Ба замми ин, ӯ худаш ба шогирдон аз рӯи гӯштини самбо машқ медиҳад... Не, ҳеҷ мумкин нет, ки овозаи ба милиса бурдани ман ба деҳа расад. Пас модарам чӣ мегӯяд. Охир ӯ ба хотири ману падарам аз водӣ ба кӯҳистони сахт рафт ва Чорбоғро манзили зисти хеш интихоб кард ва агар аз ин ҳодиса хабардор шавад, дилаш аз зиндагӣ ҳам мемонад...
Нохост чашмаш боз ба Рафоат бархӯрд, ки ҳушу гӯш ба суханони муаллим шуда. Рафоат дар мизи шафат ҳамроҳи Оиша менишаст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор