Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Чун Оиша нигоҳи ӯро ба тарафи хеш дид, ба гӯши Рафоат чизе гуфт ва Рафоат ба тарафи ӯ нигоҳ кард. Нигоҳаш саршори меҳр буд ва ё дар назараш ҳамин хел намуд. Ӯ ба тарафи духтар табассуме кард ва Рафоат нигоҳашро аз нигоҳи ӯ гурезонд...
Чун дарс ба итмом расид, Рафоат пеш аз ҳама аз аудитория берун баромад ва дигар ба қафояш ҳам нигоҳ накарда ба тарафи истгоҳ рафт. Давлат чун ба истгоҳ расид, автобус аллакай ба ҳаракат даромада буд ва аз оинаи паси автобус симои Рафоати фироркардаро дид. Нафаҳмид, ки чаро ӯ гурехт. Ба хона омад ва дарро кушода вориди хона шуда, лолу карахт монд: - модар дар ошхона ҷунбуҷӯл дошт...
-Очаҷон, кай омадӣ? - ба тарафи модар ҳаракат карда пурсид Давлат.
-Ин чӣ коре буд, ки ту кардӣ, бачам, - бо овози нимшунаво гуфт модар...
...30...
Абдумаҷидов тамоми роҳ фикру андешаҳои ботилро, ки чун пашшаи шилқин пеши назараш ҷастухез доштанд, аз майнааш дур карданӣ шуд, вале ҳамааш бенатиҷа. Мисли оне ки пашша ҳамеша майл ба ахлоттӯда дорад, андешаҳои ӯ низ дар атрофи ҷарроҳ давр мезаданд. Аз чӣ бошад, ки ӯ ба ҳимояи ҷарроҳ бархоста натавонист ва оқибат ҳимояи ӯро хато шумурда, каме ҳам бошад майнаашро ором кард...
Сари субҳ бояд сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ Наврӯз Умар баъди таҳсил дар курси кӯтоҳмудати академия ба кор бармегашт, вале субҳ ӯ ба кор набаромад. Абдумаҷидов нисбати Наврӯз Умар як эҳтироми беандозае дошт ва баъди аз сари мансаб рафтани Фарҳод Менглӣ ба курсии ӯ номзади арзандатаре аз Наврӯз Умар намедид. Акнун курсиро кадом як капитани тағодор соҳиб шуда буд ва аҷаб набуд, ки рӯзе ба сари Наврӯз Умар барин марди доною фозил дод назанад. Дар давоми як моҳ муовини нави сардор Масрури Мӯсо кию чӣ будани хешро нишон дода буд ва дигар ба муаррифии ӯ низ ҳоҷате намонда. Барои одамро фаҳмидан дар ҳама ҳолат шарт нест, ки ҳамроҳаш як пуд намакро истеъмол кунӣ. Аслан Масрури Мӯсо низ аз Фарҳод Менглии маҳалгаро мӯи канданӣ надошт ва аллакай дар гирду атрофаш хушомадгӯву лабайгӯёнро гирд оварда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор