Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Бовар кунед, ман гуноҳе надорам.
-Бовар кардем.
Ҳарчанд падар ҳамин суханҳоро гуфт, вале як гӯшаи дилаш хиҷил буд. Ҳодисаи рухдода ӯро ором намегузошт, аммо баҳри тасаллои дили ҳамсару писар худро бепарво вонамуд карда чунин гуфт:
Давои дили бемор буд ҳама гуфтаи ӯ ва сари воқеаи ба амал омада Холи Баҳром андеша дошт. Агар мақсади кас бад набошад, магар шахс ҷавоҳироти тиллоӣ ва алмосдорро, ки нархи гӯшношунид доранд, оварда ба хонаи дигар кас мемонад. Не, ин нимкосаест зери коса, ки мо намедонем. Бо ягон кас маслиҳат карданамон лозим, вале бо кӣ?
-Дадои Давлат, моро осуда намуда, худ ба андеша рафтед?.
-Ҳеҷ гап нест, муҳимаш ки милиса ба бегуноҳии бачаат бовар кардааст.
-Ба ҳар ҳол як гӯшаи дилам сиёҳ.
-Фардо ман ба назди як ҳуқуқшиноси варзида меравам.
-Вай чикора?
-Вай нафақахур, вале қонунро аз сару бараш қадам задагӣ...
...32...
Субҳи рӯзи шанбе Абдумаҷидов аз хона баромада, саргарми хаёлоти хеш ба тарафи истгоҳ ҳаракат кард. Офтоби пагоҳирӯзӣ ба кас ҳаловат мебахшид. Нохост тобиши хуршеди ховар каме суст шуд ва лаҳзае пас паси пораабри калоне панаҳ бурд. Аз чӣ бошад, ки дили ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ аз ин маназара каме ҳам бошад, ҳазин гашт. Ӯ лаҳзае таваққуф намуда, ба осмон назар дӯхт.
Дар фазои бекарона абрҳои пора-пора ба самти ғарб шино мекарданд. Ҳаракати абрпораҳоро ба як самт баҳри муттаҳидшавӣ дида, Абдумаҷидов ба хулосае омад, ки ҳама чиз дар табиат аз муттаҳидӣ зиндаю поянда аст. Чанд абрпора ҳанӯз маънои омадани боронро надошт, вале чун онҳо муттаҳид шуда, қабати зери офтобро пӯшонанд, омадани борон ногузир аст. Солҳое, ки ӯ дар Сағирдашт ҳамроҳи бобою бибиаш мезист, ҳар субҳ мешунид, ки галаи гургон чанд гӯсфандеро гулӯ даридаанд ва ё ҳеҷ набошад, сагеро бурдаанд. Он чӣ ки гурги гурусна дар зимистон чанд сар гӯсфандеро гулӯ даридааст, баҳри шунаванда аҷиб ҳам набуд, вале чун мефаҳмиданд, ки гургон сагро бурдаанд, боиси таассуф буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор