Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Охир гург ҳам аз рӯи хусусиятҳои ирсиаш саг аст, фарқаш ҳамин, ки гург дар муҳити нисбатан сахттаре калон шуда ва маҳз ҳамин муҳити сахт баҳри зинда монданаш ӯро ба муттаҳидӣ тақозо намуда. Саг чӣ? Саг аслан аз ҳамҷинси хеш дида, ба соҳибаш дилбастагии бештаре дорад ва ӯ соҳибашро шояд Худои зинда гумон кунад ва ба хотири соҳибаш ба хотири нону намаки ӯ тайёр аст, ки дар ҳолати зарурӣ гулӯи ҳамҷинси хеш бидарад. Саг аслан дар танҳоӣ ба воя расида, ба хоҷааш хизмат мекунад, яъне намаки хоҷаро пос медорад ва ҳеҷ гоҳ аз таҳти дил бо ҳамҷинси хеш дар иттифоқ набуда. Маҳз ҳамин ҳолат вазъи сагҳоро дар деҳот бад мекунад, чунки дар танҳоӣ бо рамаи ҳамҷинсони ваҳшии хеш даст ба гиребон шудан мехоҳад... Абдумаҷидов дар куҷое хонда буд, ки “Гург дар муттаҳидии гург аст, вагарна аз саге беш нест”...
Одам хусусиятҳои хоси хешро дорад ва новобаста аз он ки ҳамаро инсон ном мебаранд, худи онҳо бештар ба забону миллат аҳамият дода, аз рӯӣ муносибатҳои динию мазҳабӣ бо ҳамдигар дар сангарҳои муқобил меистанд, ки ин амал дар муносибатҳои инсони ноиттифоқиро ба вуҷуд оварда, қасди ҷони ҳамдигар мекунанд... .
Маҳз муҳити носолим одамизодро ба роҳи бад мебарад.
Инсон аз тамоми мавҷудоти зиндаи табиат бо ақл фарқ мекунад ва чун инсоф аз дили ӯ берун шуд, имонро ба гӯшаи фаромушӣ дода, ба ҳайвони дарандае чун гург мубаддал мегардад ва қасд ба ҷони ҳамҷинси хеш мекунад, ҳол он ки медонад одам чӣ қимате дорад назди Офаридгор! Онҳое, ки ба ба молу амволи халқ ва ҷони одамӣ чашм ало мекунанд, гургони дупоянд, вагарна худи гург, ки ба ҷинси ҳайвонот мансуб аст, ҳеҷ гоҳ қасди ҷони одамӣ накарда, вале одам баҳри қатли бародари ҳамҷинсу ҳамхунаш омода. Чӣ, магар Сабзаевро кадом дарандае аз пой афканд, ҳаргиз ин хел нест, чунки қасди ҷони ӯ танҳо ҳамҷинсонаш намуда, ва он ҳамҷинсаш акнун аз дарандае беш нест ва агар пеши роҳаш гирифта нашавад, кӣ медонад?
Пораабрҳо дар фазои бекарона ба як самт ҳаракат намуда, ба абрҳои калонтар ҳамроҳ мешуданду дар дили заминиён даҳшат зер кардан мехостанд. Чунки то ҳанӯз хатари боришоти ҳафтаи охири моҳи март, ки мислашро шаҳриён дар давоми панҷоҳ соли охир надида буданд, зудуда нашуда буд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор