Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-То саршавии кор ҳоло даҳ дақиқа вақт ҳаст, рафиқ капитан, - ба посухи бемавқеи муовини сардор ҷавоб дод ӯ ва гузашта ба курсии аз ҳама қафо нишаст.
-Шумо дар худи ҳозир ба ҷои сардори бахш Наврӯз Умаров ва мебоист, ки аққалан ним соат пеш аз саршавии кор ба идора меомадед, - аз ҷавоби зердасташ оташин шуда гуфт Масрури Мӯсо.
-Бори аввал мешунавам, ки ман иҷрокунандаи вазифаи сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ бошам.
-Чӣ ба ҳамин чизи одӣ ақли худатон нагирифт ё ҳамин чизро ҳам ба шумо фаҳмондан лозим аст? Ду соат пас маҷлиси ҳисоботӣ оид ба ҷамбасти чоряки якум мешавад, ё ман ба ҷои он “академикат” хеста ҳисобот диҳам?
-Барои ман фарқе надорад, ки шумо ҳисобот медиҳед ё он академики гуфтагиатон.
-Чӣ хел фарқ надорад? Рафта ҳисоботатонро худи ҳозир тайёр намоед.
-Ҳисоботи худи ман аллакай тайёр ва ман кафили касе будан ҳам намехоҳам.
-Магар аз ин ҳам беинтизомӣ зиёдтар мешавад, кам буд, ки ҷинояткоро кафилӣ карда сар дод, ана боз гапҳои гуфтагиаш,- ба тарафи муовини дар паҳлуяш буда нигариста ҳасрат кард Оташак.
-Инҳо қариб ҳамаашон ҳамин хел, маҳмадоно шудагӣ, - сухани Масрури Мӯсоро тақвият дода гуфт муовини сардор оид ба хизмат Бӯрии Наим.
-Агар ман ба ҷои Воҳид Камол мешудам, кайҳо кафшатро пеши по мемондам, - ба тарафи Абдумаҷидов нигариста гуфт Масрури Мӯсо, ки аз ғазаб мори захминро мемонд.
-Аввал ба курсии Воҳид Камол соҳиб шавед, пас ҳар чӣ дар дил доред, амалӣ намоед.
-Хомӯш!-дод зада гуфт Оташак. -Ман аз болои шумо худи ҳамин рӯз ба сардори раёсат арз мекунам.
-Ихтиёратон.
-Гумон мекунед, ки сардори раёсат барои сар додани Давлат Баҳром саратро сила мекунад.

пешина
аз 429
навбатӣ