Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Ӯ аз он ҳайрон буд, ки бо кадом маблағ фарде, ки дар ягон ҷо кор намекунад, кушку қасрҳо месозад. Не, ҳайрон ҳам не, балки медонист ки ин ҳама давлату савлат аз куҷост, вале ку чашми биною гӯши шунаво... чунки ҷомеа ба ифродкориҳои чунин шахсон муросо мекард. Баъзан мешунид, ки ҳамкорону ҳамсоягон мегуфтанд, ки “фалонӣ марди Худодод аст, яъне ба Худодода ситеза макунед, ки ӯро Худо додааст. Чӣ гапи оқилонае, вале баҳри донистани дастовардҳои Худододии чунин нафарон Архимед будан ҳам лозим набуд, басанда он буд, ки ҳафтае ё рӯзе аз қафои чунин касон назорат бурда, онҳоро бо далели шайъӣ, ки баҳри мардум “марги сафед” мефурӯхтанд, дастгир намои. Маҳз асосгузори кулли ҷиноятҳо дар замони ҳозира ин савдогарони “марги сафед” буданд, чунки онҳо баҳри нафс шуда, майнаи ҳазорон нафарро коста намуда, садҳо ҳазорро ба доми марг тела медоданд, вале ҷамъият бетараф буд, туро газад маро чӣ мегуфтанд, бехабар аз он ки чун ҷангал даргирад дигар на тар монаду на хушк... Бо ҳамин фикру хаёл Абдумаҷидов ин субҳ пой бар остонаи милиса монд. Абрпораҳо қариб, ки рӯи осмонро печониданд...
-Рафиқ майор, рост ба толори маҷлисгоҳ равед, -хабар дод навбатдори шуъба баробари вориди бинои милиса шудани Абдумаҷидов.
-Маҷлисро-ку ба соати даҳ таъин намуда буданд, боз чӣ гап шуд?
-Намедонам. Худи Оташак супориш дод, ки ҳамаи ҳайати шахсӣ ба толори маҷлисгоҳ дароянд.
-Модоме ки супориш бошад, чӣ илоҷ? - гӯён Абдумаҷидов ба ошёнаи дуюм баромада, аз дафтари кориаш китоби қайдҳои хизматиашро гирифта, ба маҷлисгоҳ даромад.
Дар минбар ду муовини сардори ШКД ба ҳасту нести хизматчиён машғул буданд ва баробари рухсат пурсида вориди зали маҷлисгоҳ шудани Абдумаҷидов Масрури Мӯсо луқма партофта, ӯро барои дермониаш огоҳ карданӣ шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор