Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Ҳамин хел одӣ, умуман, баъди ҳуқуқшиносе чун Сафарзода ба касе маслиҳат додан ин аз рӯи инсоф нест.
-Вале он кас маро ба назди шумо фиристоданд.
-Худашон ягон маслиҳат надоданд?
-Ба ақидаи Сабоҳат Абдуллоевна касе бо оилаи мо ҳисобашро баробар карданист.
-Чӣ хел ҳисобро?
-Инашро нагуфт, вале ба ман маслиҳат дод, ки тафсилоти воқеаҳоро чӣ хеле ба он кас нақл кардам, ба самъи шумо ҳам расонам.
-Инаш аҷиб, вале ба ҳар ҳол ман омодаи шунидани суханони шумо.
-Ба фикри ман, ҳодисаи ба сари фарзанди ман омада ин ҳодисаи одӣ нест.
-Гап занед, ман гӯш мекунам.
-Худатон тақозо кунед, ки чӣ тавр ашёҳои аз мағозаи ҷавоҳирот дуздидашуда дар хонаи мо пайдо шуданд ва боз чӣ тавр, бо кадом роҳ милиса аз ин воқеа огоҳ гардидааст. Магар шахси ақли солимдошта чунин намуди ашёҳоро бурда, дар хонаи дигар кас мемонад ва боз дар ин бора ба милиса хабар медиҳад?
-Он чӣ ки дар хонаи писари шумо ёфт шуд, аз сад як фисади ашёҳои аз мағозаи ҷавоҳирот бурдаро ташкил мекунад ва ба мақсади тафтишотро ба гумроҳӣ андохтан месазад, ки ба чунин як қурбонии ночизе даст зад. Он чӣ ки ба милиса шахси номаълум занг задааст, инкор намекунам, вале мақсади асосии ҷинояткор ин сояро аз рӯи хеш дур афкандан аст. Ба ҳар ҳол ман худам дар ҳамин ақидаам.
-Баҳс намекардам, агар...
-Бемалол фикратонро баён созед.
-Ба милиса овардани Давлатро касе надидааст, чунки ин ҳодиса шабона рух додааст, вале баъди ду шабонарӯз дар ин бора тамоми аҳолии Чорбоғ огоҳӣ ёфтанд.
-Шояд ҳамсояҳо. Охир сарҳади давлатиро баста мешаваду забони бадгӯёнро не.
-Не, дар ин бора ман бо ҳамсояҳо ҳам суҳбат намудам, вале ҳамин онҳо савганд хӯрданд, ки дар бораи ба милиса бурдани Давлат ҳатто бо пӯшоки танашон роз нагуфтаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор