Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Дар ин бора худатон аз ягон нафар гумонбар ҳастед?
-Не, вале дилам гувоҳӣ медиҳад, ки касе нисбати оилаи мо бадбинӣ дорад.
-Дар юриспруденсия чунин ҳолатҳо ба инобат гирифта намешаванд.
-Чаро?
-Чунки бояд таҳдид реалӣ бошад ва шумо бояд ба чунин кор боварии куллӣ дошта бошед.
-Чӣ хел?
-Модоме ки шумо чунин фикру ақида доред, бояд ба ёд биёред, ки дар чорсӯи зиндагӣ ба касе зарар расонида бошед, ки он шахс барои ҳисобашро ба шумо баробар кардан ба чунин амал даст занад. Бе асос ягон кас ба чунин кирдор даст нахоҳад зад ва он чи ки нисбати фарзанди шумо раво дидаанд, ин воқеаи тасодуфист.
-Рафту ин кор боз такрор шавад-чӣ?
-Ба гумон аст, дузд ҳам он қадар гӯлу гумроҳ нест, ки ба як манзил чанд маротиба ташриф орад.
-Ба ҳар ҳол то ҳалли аниқи ин муаммо ман ором буда наметавонам ва мехоҳам донам, ки тафтишот нисбати ҷинояткори асосӣ дар кадом масофа маскан гирифта?
-Ҳоло чизе гуфта наметавонам, вале мо аз рӯи чандин назарияҳо кор карда истодаем.
-Чун ман ба Сабоҳат Абдуллоевна саргузашти ҳузновари хеш гуфта додам, он кас гуфтанд, ки чунин ҷиноятҳо дар бисёр мавридҳо характери ҳисоббаробаркунӣ доранд ва ман аз ҳаминаш метарсам, маҳз ҳамин ҳолат маро маҷбур сохт, ки аввал ба назди Сафарзода ва боз бо тавсияи ӯ ба назди шумо биёям.
-Ҳоло гуфтед, ки аз касе гумонбар нестед.
-Гуфтам ва сухани хеш инкор намекунам. Ҳарчанд дар зиндагӣ ман ба касе зиён нарасонидаам, вале боре ба дифои ҳақиқат бархостам ва бо қонун нафареро ба ҷояш шинондам.
-Марҳамат, суханатонро давом диҳед.
-Қариб понздаҳ сол пеш ман як шогирди хешро, ки ба дарди гурда гирифтор шуда буд, назди як духтури шиносам бурдам.
Аслан мешуд, ки ӯро ба беморхонаи маҳали зисташ барам, вале номи он шиноси ман дар илми урология то ба қофу қайсар рафта буд ва он кас ҳатто номзади илмҳои тиб буданд. Чун ман шогирдам Намозро ба беморхонаи касалиҳои гурдаи шаҳр ба назди номзади илмҳои тиб, ки аз як диёр будем, Фарҳоди Аваз бурдам, баъди як ҳафтаи дар беморхона хобидани Намоз ва ташхиси тиббӣ, табиби номӣ дар гурдаҳои ӯ будани бемории саратонро муайян намуд.

пешина
аз 429
навбатӣ