Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Сипас чун ба саволи муфаттиш ҷавоб гуфтан рост омад, ҳамаи мӯйдарозонро ақлкӯтоҳ номид...
Аслан кӣ мехоҳад, асрори ниҳонаш ошкор шавад ва ҷавонзане, ки ба шавҳараш хиёнатро раво дид, гумон дошт, ки касе аз амали нопоки вай воқиф нахоҳад шуд, бехабар аз он тадбир ба тақдири Худованд намонад.
Дирӯз, ҳангоме ки мо ба ҷои ҳодиса рафтем, шоҳиди ҳодисаи дигаре шудем. Ҳамсари Мирзои Абдураззоқ Нигораи Маҳмуд ба сари Матлубаи Гурез қариб теғу табар бардошта омад ва агар ҳушёрии атрофиён намешуд, намедонам боз чӣ ҳодисае рух медод.
“Рафту агар ҳушёрии атрофиён намешуд қиёмат мешуд, қиёмат!” нидо омад аз қалбам.
Мардуми мусулмон баъди адои намоз ҳамеша ба даргоҳи илоҳӣ бо дуое илтиҷо мекунанд:
-Парвардигоро, шармандаи бозори қиёмат накунӣ!
Ҳодисае, ки дирӯз ба сари Матлубаи Гурез омад, айнан ӯро шармандаи дӯсту душман кард. Ба гумон буд, ки вай инро дарк накарда бошад, ҳарчанд баъдтар дар бинои прокуратура ӯ сараввал аз худ мусичаи бегуноҳ тарошидан хост, бехабар аз он ки дигар офтобро бо домон пӯшонидан амрест муҳол.
Баҳри бегуноҳии хешро собит намудан ӯ хеле кӯшид, вале ҷисми беҷони ҳамсоя, ки даҳлезашро олудаи хун намуда буд, чун думи рӯбоҳ шоҳиди гуноҳҳои собиткардааш гашт...
Аввалин шуоҳои офтоби аз тиреза вориди дафтари кориам шуда мавҷи хаёлотамро лапиш дод ва ин дафъа симои мақтул пеши назарам омад.
Ӯ аслан марди сиюпанҷсола буда, дар яке аз донишгоҳҳои ҷумҳурӣ аз фанни физика ба донишҷӯён дарс медодааст. Номзади фанҳои техникӣ буда, унвони ифтихории дотсентро соҳиб шуда.
Ҳодисаи ба сари Мирзои Абдураззоқ омадаро дар мизони ақл баркашида, ғайриихтиёр мақоли мардумӣ “олим шудан осону одам шудан душвор”-ро ба ёд овардам. Модоме ки ӯ бо ҳамсоя, ки шояд замоне нону намаки ҳамдигарро чашида бошанд, чунин амалро раво дид, пас куҷост кафолат, ки вай дар донишгоҳ “қонуни ҷозибаи умумиҷаҳониро” баҳри хеш сармашқ накарда бошад. Ба андешаи Исаак Нютон аз рӯи қонуни мазкур афтиши себ ин натиҷаи кашиши замин аст. Модоме ки устоди донишгоҳ дар маҳаллаи зисташ аз рӯи мақоли “дилро ба дил роҳест” амал намудааст, пас набояд инкор кард, ки вай ҳамин таҷрибаи хешро сайқал надода бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё