Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа
ГУЛИ МАРГ
Роман
“Ноосуда куҷо равад, ки осуда кунад.” Крейсери мушакандози гвардиягии “Варяг” баъди сафари дарозмуддат соати 1545 дақиқаи рӯзи 20 октябр ба бандари Владивосток омад. Ҳайати киштиро намояндагони Флоти Уқёнуси Ором, хонандагони яке аз мактабҳои шаҳр ва хешу ақрабои малоҳон пешвоз гирифтанд...
Мичман Карими Кабирро ин дафъа касе дар бандар пешвоз нагирифт. Аз он ки ҳамсараш Светлана ба пешвозаш набаромад, хиҷил гашт.
Баъди анҷоми маросими расмӣ мичман Карими Кабир рухсат пурсида, ба хонааш омад. Ба хонае, ки ду сол пеш дар рӯзи тӯйи ӯ ва Светлана аз номи Сарфармондеҳи Флот ба навхонадорон туҳфа намуда буданд.
Тайи ҳашт соли дар ин шаҳр будан ӯ аслан ба баҳр, аниқтараш ба Уқёнуси Ором ва Владивосток, ки худ мисли киштии болои баҳр лангарпартофта менамуд ва як манзараи дилфиреберо ба мадди назари тамошобин мегузошт, як дилбастагие пайдо карда буд ва ҳар боре. ки аз сафари дарозмуддат бармегашт, аз бандар то хона ҳамроҳи Светлана пиёда қадам зада, аз ин зебогии табиат ва муъҷизаи он баҳра мебурд...
Имрӯз бошад...
Имрӯз ӯ зебогиро дарк накард ва аз аввалин истгоҳи назди бандар ба такси нишаста, рост ба хона омад.
Чун ба пеши бино расид, чароғи хонаро фурӯзон надид ва садҳо фикру хаёл дар як мижа задан дар майнааш давр зад.
Худро ба даст гирифта, ба ошёнаи панҷум баромада, занги дарро пахш кард...
Аз зангзаниҳои беохир ҳамсоя хабар ёфта, дари хонаашро кушода гуфт: - Карим?
-Чӣ хеле мебинед.
-Марҳамат ба хонаи мо биё, - гуфт нафаре, ки ба истиқболаш баромада буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё