Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Хуш, Ҷамолиддин, боз чӣ хабарҳои нав?
-Дирӯз ба ин ҷо як ҷавони паҳлавонҷусса омада буд ва аз ман хоҳиш кард, ки дар интиқоли “дору” ба ӯ ёрӣ диҳам.
-Ному насабаш?
-Худашро Федя гуфта муаррифӣ кард.
-Шакли зоҳириаш?
-Қоматбаланд, газгӯшт, мӯйи сараш чун скинхедҳо паст тарошидагӣ.
- Ягон нишонаи чашмрас дошт?
-Дар болои нарангушти дасти росташ Зуля навишта шуда буд.
-Синну солаш?
-Бисту се – бисту панҷсола.
-Дар “санатория” будааст ё не?
-Намедонам.
-Ӯ кай боз ба ин ҷо меояд?
-Намедонам.
-Рафту агар дубора пайдо шавад, бо ягон баҳона ӯро манъ намуда, ба ҳама талаботҳояш розӣ шав ва бандаро аз омаданаш хабардор кун. Намегузорам нафаре бе рухсати ман ба чунин амалҳо даст занад.
-Ин кор ба вай гарон меафтад ?
-Ҳар кас пойро ба андозаи кӯрпааш бояд дароз кунад, вагарна онро сармо мебарад.
-Шояд ҳамаи инро сабаб он аст, ки ӯ то кунун кӣ будани шуморо намедонад.
Ин ҳама лола, ки сар барзада, аз хоки ман аст,
15 Пораҳои ҷигари сухтаи чоки ман аст...
Дили Зулайхо ба Фарҳод сӯхт. “Ҳамааш айби худам шуд.
Чӣ хеле ҳам набуд Фарҳод дили бе олоише дошт. Бубин диламро ба вай бахшидаму ӯро аз кӯйи бад баргардонида натавонистам. Ба ҷойи дар роҳи бахт талош намудан, бахти хешро пеши по задам. Ҳатто ба гӯшаи хотир наовардаам, ки
Шеър аз Б. Ҳилолӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо