Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Худораҳматӣ бобои Акрам марди ниҳоят закӣ ва сухандоне буд ва маҳз ҳамин ҳолатҳои ниҳонӣ дар замири ин марди наҷиб туғён намуда, муҳаббати дӯстию рафоқатро дар байни қавму миллатҳои гуногун побарҷо гузошт ва ӯ ягона нишони хонадонашро бархилофи андешаҳои баъзе аз ҳамдиёрони тангназараш барои хизмат ба флот фиристод.
Шояд Алёна ин суханро ба хотири дили маро аз Светлана сард намудан гуфта бошад. Дар ҳақиқат нишонаи ҷарроҳӣ дар бадани Светлана бараъло намоён буд, вале ӯ он нишонаро дигар хел шарҳу эзоҳ медод.
...”Як умр сари манро гаранг карда, дар бораи шарму ҳаё сухан гуфтӣ ва барои ҳамин аз ту гурехтам” ба ёд овард суханони Светаро, ки сари субҳ дар хоб дида буд.
То ба куҷо ин хобҳо ростанд. Дар ҳолате, ки ман дар бораи шарму ҳаё гап мезадам, Света ноҳинҷор мешуд ва мегуфт, ки агар дилу ниятат чунин буд, бояд бо ҳаммиллати худ издивоҷ мекардӣ. Ӯ бошад, ҳамаи инро аз нозу карашмаи ҳамсар арзёбӣ мекард ва ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам наоварда, ки рӯзе Света аз дунболи дигаре меравад.
Хайр чӣ ҷой хафа шудан? Магар дар байни ҳамзабонони худат каманд занҳое, ки хонаю дари обод ва фарзандони хешро партофта, аз дунболи марди дигаре рафтаанд. Ин занҳо ҳамааш аз як лой шӯридагӣ ва Худо ба худашон инсоф диҳад...
Маҳз ҳамин нидои қалб буд, ки ӯро ба таҳлили тарафҳои дигари зиндагӣ дар тамаддуни башарӣ ва асрори байни марду зан водор сохт.
...Азизи Миср аз бозор ба ҷойи суф харидан писарбача Юсуфро харида овард. Мард ҳамсараш Зулайхоро ҳушдор дод, ки ба Юсуф на чун ба ғулом, балки чун ба фарзанд муносибат намояд.
Ва Зулайхо чӣ кард?...
Зулайхо, ки маликаи як давлати бузург буд, ба чунин роҳ рафт, пас аз Света чӣ ҷой гила? Бузургони олам беҳуда нагуфтаанд: “Аспу зану шамшери вафодорро кӣ дид”...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо