Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шутовҳо низ то рафтани кормандони милиса дар ҷой ҳодиса монданд.
Ҳарчанд гурӯҳи фаврӣ ҷустуҷӯии милиса бо сарвари ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ капитани милиса Сорбони Ҳомид тамоми чорраҳоро истифода бурд, натиҷаи дилхоҳе ба даст наомад.
Исроил Фотеҳро бо корд захмӣ намуда буданд ва дар натиҷаи рафтани хуни зиёд ӯ ба ҳалокат расида буд. Аз рӯйи хулосаи пешакии ташхиси тиббӣ-судӣ Исроил Фотеҳ дар байни соатҳои 2100 – 2200 ба қатл расонида шуда буд. Назарияи аввали тафтишот кушторро ба мақсади роҳзанӣ арзёбӣ намуд.
Муфаттиш аз Шутовҳо баёнот гирифта, зану шавҳарро сари субҳ ба прокуратура даъват намуд.
Мақтулро ба мурдахона фиристода, хонаро ба зери назорати кормандони шуъбаи корҳои дохилӣ гузоштанд.
Соати 0130 дақиқа Сорбони Ҳомид ба идора омад. Ҳарчанд ҳодиса ҳаракатҳои таъхирнопазирро тақозо мекард, вале аз рӯйи мақоли халқӣ “кори шаб, хандаи рӯз” то субҳ интизор шудан лозим меомад...


Мичман Карими Кабир сари субҳ рӯйи роҳ баромад ва худ шоҳиди он шуд, ки чанд ҷо гурӯҳ-гурӯҳ одамон назди мошинҳо сари баҳсу мунозира қарор доранд.
-Ана боз як нафар омад, иншоолоҳ, акнун меравем, - шунид ӯ каломи нафаре аз он мардуми сари баҳс қарор доштаро.
-Дар куҷо ?
-О ана вай...
-Ҳамон маллоҳ?
-Боз кӣ мешуд?
-Эй не, маллоҳ ба тарафҳои мо намеравад, аз ҳамон борхалтааш маълум. Магар нафареро дидаед, ки ба тарафҳои худамон бе як-ду халта равад ?
-Ҳамааш аз тангии рӯзгор. Кӯҳистона қоидааш ҳамин.
Кӯҳистонӣ чӣ донад, лаззати зиндагии водиро. Кӯҳистонӣ мардумро ҷонаш аз санг ҳам сахттар,- гуфт нафаре, ки аввалин шуда маллоҳро дида буд.

пешина
аз 441
навбатӣ