Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Рӯзаш дар ёдам нест, се чор рӯз пеш баъди нисфирузӣ буд, вақте ки ман ба коргоҳаш даромадам, мудир “хайр раис,” боз занг мезанам гуфту гӯшакро ба ҷояш гузошт. Чӣ магар донистани вақт ягон чизро ҳал мекунад?
-Албатта.
-Минбаъд чунин ҳолатҳоро ба инобат мегирам.
-Кори милиса ҳам чун кори заргар нозукиҳои хешро дорад, ки иҷрои он барои ҳамаи иштирокчиёни амалиёт ҳатмист.
-Ана инро ҷосусӣ мегӯянд.
-Ту дар мамлакати бегона не, балки дар Ватанат ҳастӣ ва мубориза ба муқобили гурӯҳҳои ҷинояткор ин қарзи шаҳрвандии ҳар як фард аст на ҷосусӣ.
-Баҳс намекунам.
Суханони сарвари милиса дар дили вай ҳисси Ватану ватандориро бештар намуда бошад ҳам, мурғи хаёлоташ ба гузаштаи на чандон дур парвоз кард...
-Кӣ туро зад? - пурсид муаллима аз Сергей.
Эрик,-лабу рӯйи хунолудашро тоза карда истода гуфт Сергей.
-Ҳамон фашист.23
-Ҳа.
Ҳарчанд муаллима ӯро назад, вале Эрик бо чашми гирён ба хона омада, воқеаро ба модараш нақл кард.
Аз ҳарфи хуш зи санг асал мечакад бидон,
24 Аз ҳарфи зишт санг кафад пеши дидагон,

ӯро ором намуда истода гуфт модар.
Чунин таҳқирҳо дар сарнавишти Эрик Рура ангуштшумор набуданд ва, албатта, чунин суханони зиштро онҳое ба забон меоварданд, ки донишашон чун фитраташон паст буд ва чӣ будани ин миллати тамаддунпарварро намедонистанд. Бобояш зодаи шаҳри Бранденбурги Олмон буд ва роҳбарияти вақтии Олмон соли 1941 ӯро ҳам мисли садҳо дигар ҷавонони немис ба армия даъват намуда, ба

23
“Хунхор,” худи немисҳо аз шунидани ин калима ба ғазаб меоянд.
Шеър аз Танзиля Зумақуловна.

пешина
аз 441
навбатӣ