Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Шояд ба ман диктафон ҳам диҳед?
-Диктафон чӣ лозим, модоме ки тариқи тугмачаи дар курта насб шуда мо шуморо дунболагирӣ мекунем.
-Ҳеҷ гумон надоштам, ки милиса ҳам...
-Милиса ҳам сохтори низомист ва таъминоташро давлат ба душ дорад.
-Синдикати мо чӣ?
-Шояд онҳо ҳам ягон намуди асбоб дошта бошанд ва дар ин солҳои бенизомӣ ба сари миллат омада, даҳҳо нафар зархаридони хориҷӣ ба бархе аз ҳамватанони мо тарзи зиндагии демократиро меомӯхтанд, аз эҳтимол дур нест, ки барои манфиатҳои хеш ба ин “ватанхоҳон” чунин асбобҳо надода бошанд.
-То онҳо фазои диёри хешро “ғуборолуд” намоянд, - пурсид Эрик.
-Мутаассифона, чунин аст ва натиҷаи ҳамаи инро тайи солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳамаамон аз сар гузаронидем, - гуфт Сорбони Ҳомид.

  • Субҳона тайёр, ба ошхона биё, - гуфт модар ва Эрик аз банди хаёлоти хеш берун омад...

Вохӯрӣ бо прокурор натиҷае надод. Ҳарчанд Абдулваҳҳоб Усмон ваъда дод ки, албатта, ин масъаларо мебинад, вале чун Хуморов аз кӯчаи тафтишот гузашта буд, ба хубӣ дарк намуд, ки “модоме кӯҳ афтиду садо накард, аз сангрезаҳояш умеди шунидани садо нест.” Шикасти ногузири синдикат Хуморовро ба андеша водор намуда бошад ҳам, вале ӯ ҳама ин андешарониҳоро бе натиҷа дид.
Ҳамагӣ ду моҳ пеш ӯ аз пешхизмати яке аз тарабхонаҳои шаҳр Ҷамол фаҳмид, ки гурӯҳи Ёрабшо (яке аз наркобаронҳои Бадахшон) миқдори зиёди маводи мухаддирро барои интиқол намудан ба шаҳр овардааст.
Ёрабшо ҳатто андеша накард, ки шаҳр бе миру бе дарвоза нест ва худсарона қисме аз он маводҳои овардаашро дар шаҳри калон обу лой намуд ва ин хабар оқибат ба гӯши ҳампешагони шаҳриаш расид ва сарвари онҳо ба шербачаҳояш амр намуд, то нашъаҷаллоберо, ки бе ягон гуфтушунид аҳдшиканона ба минтақаи шаҳр дохил шудааст, ба ҷояш шинонида, товони тариқи ин “ҳуҷум” ба онҳо расондаро барқарор намояд.

пешина
аз 441
навбатӣ