Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Маҳз бо тавсия ва дастгирии ҳамин гурӯҳҳо, ки дар озодӣ ёру дӯстони санҷидашуда доштанд, ҳанӯз як сол пеш аз озодшавӣ Хуморов тавонист “корхонаеро” оиди харид ва фурӯши маводи мухаддир ташкил намуда, фаъолияти мунтазами кориашро ба роҳ монад. Ҳарчанд худаш ҳанӯз дар паси панҷара буд, вале бо амри худи ӯ Ормон Файз ташкил ва пешбарии корро дар ин синдикат тарзе ба роҳ монд, ки баробари аз маҳбас баромадан ва шиносоии аввалин ӯ худаш ангушти ҳайрат газид.
Ормон Файз, ки соҳаи савдоро аз сару бар бисёр хуб медонист, тайи як соли роҳбарӣ тавонист корхонаро ба пой хезонад ва аз маҳбас озодшавии раисро дар яке аз тарабхонаҳои беҳтарини шаҳр бо шукӯҳу шаҳомати хоса қайд намояд.
Синдикате, ки Ормон Файз дар он шахси дуюм ҳисоб мешуд, корро тарзе ба роҳ монд, ки меъмори асосии он дар соя монад ва ин на хоҳиши мудири анбор, балки талаби қатъии худи раис буд, чунки ӯ як маротиба худнамоӣ дар талоши мансаб кард ва натиҷаашро ҳам дид ва акнун мехост дар зери сояи мудир аз назарҳо пинҳон дар рушди корхона саҳмгузор бошад. Дар бораи “корнамоиҳои” ӯ қиссаю ҳикояҳои зиёде бофтаанд ва ҳарчанд на ҳамаи онҳо ба ҳақиқат наздик буданд, вале набояд аз хотир баровард, ки то шамол набошад, шохи дарахт ҳам намеҷунбад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ аз ин қиссаҳои бофтаю сохта огоҳ буданд, вале чун Хуморов ҳамеша сояе дар сояи мудир буд, милиса бо ҳама ҷаҳду талошҳояш дар нисбати ин соя далеле гирд оварда натавонист, чунки баъди аз маҳбас баромадан Григорий Хуморов тамоми қоидаҳои аз тарафи давлат ба тавсиб расидаро бечунучаро иҷро мекард...
Баъди як моҳи аз маҳбас баромадан Григорий Хуморов дар яке аз идораҳои сохтмони роҳҳо ба ҳайси юрист ба кор даромад ва чандин баҳсҳои молумулки байни корхона ва ташкилотҳои гуногуни давлатию ҷамъиятиро ба фоидаи идораи сохтмони роҳҳо ҳаллу фасл намуда, ба хазинаи корхона миллионҳо сомонӣ фоида овард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо