Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Новобаста аз он ки ӯ худ боре ба чунин амал даст назада буд, вале аз ривоятҳои сокинони ин деҳи кӯҳистон ҳама он нақлу ривоятҳо чун афсонаҳои шунидааш мавҷи хаёлоташро дар ин шаби сард ва торики деҳа дубора рӯшан намуд Ҳарчанд торик буд, вале ӯ ҳар як буттаву санги он мавзеъро медонист ва агар чашмонаш ҳам баста мебуданд, роҳи хонаи бобоиро меёфт. Дар ин нисфи шаб, ки шамоли сарди тирамоҳи кӯҳистон то ба мағзу устухон кора мекард, садои башу боши мардуми дар сари хирманҳои паҳлуи руди Бӯстонак ба гӯшаш расида, на аз рӯзгори хуши ҳамдиёрон дарак медод, балки он ҳама як нишонае аз оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ буд... Саргарми андешаҳои ӯ чӣ тавр ба назди манзиле, ки хуни нофаш рехтаву аз ҳамин манзил “парвозӣ” шуда буд, расиданашро ҳам нафаҳмид ва чун худро пеши дари хонаи бобоӣ дид, суханони бибиашро ба ёд овард:
“Каримҷон, калидро ҳамеша ба тоқчаи болои дари ошхона мегузорем ва рафту мо ҳам набошем, бидон, ки калид он ҷост”...
Ӯ аз паҳлуи хона гузашта, ба самти ошхона рафт ва чун солҳои дар деҳа буданаш даст ба тоқча бурд. Гӯё бибиаш омаданашро интизор буда ва калидҳоро ба тоқча гузошта.
“Аслан ин кори Абдулхайр,”- аз дил гузаронд ӯ, чунки Абдулхайр низ аз асрори дар куҷо гузоштани калиди хонадони онҳо огоҳӣ дошт... Калидро аз тоқча гирифта омада, дарро кушода, пой ба остонаи хона гузошт. Чун тамоку дуд мекард, гӯгирд ҳамроҳу ҳамнафаси ҳамешагиаш буд ва даст ба ҷайб бурда гӯгирдро бароварда, донаеро фурӯзон кард . Дар рӯшноӣ чароғи керосиниро назди бухорӣ дида, онро даргиронд. Хона тозаю озода буд. Бибиаш ниҳоят инсони тозарӯзгор буд ва акнун ӯ хонаро дар ҳамон шакл дарёфт. Гузашта болои кӯрпача нишаст ва даст ба дуо бардошта, оётеро аз “Қуръони маҷид” қироат намуда, дар ҳаққи гузаштагони манзилу макон бахшид ва болои кӯрпача дароз кашид...
**** То нимаи дуюми рӯз капитани милиса Сорбони Ҳомид дар маҳаллаҳои гирду атроф бо бархе аз сокинон суҳбат дошт, вале гиреҳеро, ки бо куштори дар кӯчаи Костюшко алоқамандӣ дошта бошад, пайдо накард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё