Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Барфро ҳам? - нимҷиддию нимшӯхӣ пурсид сержанти милиса.
-Барфро ҳам, - гуфт ронанда ва бо сержант худоҳофизӣ намуд.
-Хӯш чӣ овардед? - баробари пой ба остонаи қисми навбатдорӣ гузоштан пурсид навбатдор.
-Барф.
-Э биё мон.
-Ман фаҳмидам, ки шумо бовар намекунед.
-Наход барф борида бошад?
-Барфро чун нишонаи аввалини зимистон ҳамроҳи ана ин мактуб аз Гулзор овардаанд, - гӯён Ризвони Асал номаро болои миз гузошт.
-Аз Гулзор гуфтед?
-Бале, аз Гулзор.
-Сорбони Ҳомид чанд маротиба аз ман пурсид, ки оё аз Гулзор нома наомадааст?...


-Ин ҷавони зебо кист?
-Язнаат.
-Намедонам, чӣ хел онҳо туро меёбанд?
-Занбӯрро ҳамеша майл ба ширини аст, вале ин дафъа ман худам чун занбӯр ба ӯ дарафтодам.
-Ӯро аз кучо ёфтӣ?
-Аз Владивосток.
-Ту кай ба он ҷо рафтӣ?
-Кори ту чӣ?
-Чанд сол боз як ҷо зиндагӣ дорем, вале боре ҳам фикри маро накардӣ.
-Муҳаббат чун қонуни ҷангал аст ва баҳри ба даст оварданаш талош бояд кард.

пешина
аз 441
навбатӣ