Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Ба мактаб рафтан лозим. Мӯйсафед ҳақиқатро гуфт.
Умуман аксари бачаҳо шабгардӣ мекунанд, ки ин оқибати ногувореро ба бор хоҳад овард. Шояд кадоме аз ҳамин шабгардҳо бо нафароне, ки қасд ба ҷони Исроил Фотеҳ намудаанд, рӯ ба рӯ омада бошад. “Охир ҳодиса на дар нисфи шаб, балки дар аввалҳои шаб рух додааст ва ба гумон аст, ки он вақт касе дар кӯча набошад,”-аз дил гузаронд ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ва самти ҳаракаташро дигар карда ба тарафи мактаб рафт.
Чун ба мактаб омад, аллакай хонандагони синфҳои болоӣ, ки дар басти аввал мехонданд, ҷавоб шуда буданд.
Пурсиши хонандагони хурдсол бошад, натиҷае надод.- Беҳтараш фардо субҳ биёед,-гуфт директори мактаб.
-Ҳа, мардак, чароғи хонаи бобои Акрам фурӯзон аст, - аз берун баргашта хабар дод ҳамсари Абдулхайр.
-Чӣ гуфтӣ? – аз ҷои хеста пурсид шавҳар.
-Чароғи хонаи бобои Акрам фурӯзон аст.
-Соат чанд шуд?
-Азони бомдодро доданд.
-Ба фикрам, Карим омадааст, - аз таҳорат баргашта гуфт Абдулхайр ва пас аз гузоштани намози бомдод ба ҳамсараш супориш дод, ки беҳтар мешуд дар меҳмонхона ҷойи меандохтӣ. Эҳтимол Карим ҳамроҳи ҳамсараш омада бошад.
Вақт аллакай хунук шудааст. Нуран ало нур мешуд, агар дар меҳмонхона оташ мегирондӣ, - супориш дод шавҳар ва худ аз дар баромада ба самти хонаи мӯйсафеди Акрам рафт.
Абдулхайр чанд бор ба дари хона ангушт зад, вале касе набаромад ва ниҳоят дарро ба тарафи хеш кашид. Дар кушода шуд ва Абдулхайр чанд бор гулӯ афшонда “Карим! Карим!”- гӯён садо кард...
Дар лаҳзаи аввал Карим чашм кушода, дар куҷо буданашро нафаҳмид. Гумон кард, ки дар кубрик (ҳуҷраи маллоҳон дар киштӣ) хоб аст, вале боз “Карим!” - гуфтани касе ӯро яку якбора ҳушёр кард ва “Ҳа, ман!” - гӯён парида аз ҷойи хеста, ба самти овоз, ба тарафи дар ҳаракат намуда, дар рӯ ба рӯяш Абдулхайрро дид...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё