Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Бегоҳӣ, вақте Фарҳод аз назди Собир баргашт, дар вокзали Роҳи Оҳан Додарбекро дид. Аз он чӣ ки ӯ бо Додарбек дар дарвозаи шаҳр рӯ ба рӯ омад, онро фоли нек ҳисобид. Дар дарвозаи шаҳр рӯ ба рӯ омадан бо Додарбек андешаҳои ӯро лаҳзае ҳам бошад, ба гузаштаи на чандон дур партофт...
-Соли аввали ба Русия рафтан, баъди муддате бекор гаштан Зоҳир ном ҷӯрааш ӯро ба вокзали “Қазон” фиристод, то бо “Кирпич” вохӯрад.
-Номи аслии ӯ чист? - пурсид Фарҳод.
-Намедонам, вале бояд гӯям, ки “Кирпич” ҷони одам ва мо замоне донаи “Экстра”- ро” бо ҳам медидем.
-Дар бораи шишаи “Экстра” шунидаам ва намакро ҳам бо чунин ном медонам, вале дар бораи донааш бори аввал мешунавам, - гуфт Фарҳод.
Ҳар чӣ ӯ дар бораи донаи “Экстра” аз забони Зоҳир шунид, ба ақл рост намеомад.
-Ҳоло ҳамин хел гӯед, - нақли Зоҳирро шунида пурсид Фарҳод.
-Сартарошхонаи “Кирпич” ҷойи гузаронидани анҷумани шахсонест, ки бо “Экстра” сару кор доранд. Донаи дар ҳаҷми гандум будаи “Экстра”-и аз Осиёи Миёна омада баробари як шишаи арақи русӣ ба кас ҳаловат мебахшад. Донаро ба таги забон партофта, аз болояш чойи гарм ва ё шир менӯшӣ ва тамоми хунукии дар вуҷудат бударо ба гӯшаи фаромӯшӣ медиҳӣ. Аз истеъмоли он мисли арақи русӣ сарат ҳам гаранг намешавад. Модоме ки ғулом шудан нахоҳӣ, ба назди “Кирпич” рав ва аз номи “Бик” ба вай салом гуй.
-“Бик,” яъне буқа ва он буқа кист?
-“Буқа” ин ман, вале ӯ буқаро аз қиёмат мефаҳмад. “Бик” гуфта мон ва “Кирпич” ба ту ёрӣ медиҳад.
-Майлаш “Бик” бошад, “Бик” мегӯям.
Худи ҳамон рӯз ӯ ба сартарошхонаи “Кирпич” рафт. Аз сартарошхона тамоми майдони пеши вокзали Қазон чун кафи даст метофт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо