Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Дар нисбати дигар қисматҳои шаҳр вокзал ниҳоят серодам буд, агар сӯзан партоӣ, ба замин намерасид. Мардум гурӯҳгурӯҳ дарҳои калони шишагинро тела дода, қисме вориди бино мешуданд ва қисме аз бино берун меомаданд. Дар интиҳо онҳо вориди яке аз қаҳвахонаҳо шуданд ва сари мизе нишастанд. Пешхизмат омада бо “Кирпич” гарм вохӯрӣ намуда, хабар дод, ки Платон соати 1730дақиқа меояд. Соати калони болоӣ дар 1658дақиқаро нишон медод.
-Ба ҷуз интизор шудан, роҳи дигареро намебинам, - гуфт “Кирпич” ва аз пешхизмат хоҳиш намуд, ки барои онҳо қаҳва биёрад.
-“Экстра” ҳам ҳаст:-биёрам?-пурсид пешхизмат.
-Дар “Экстра” чӣ хелӣ?
-Ҳар чӣ шумо фармоед, - суханони гуфтаи Зоҳирро ба ёд оварда тақдири минбаъдаи хешро дар самти истеъмоли ин донаи умед ба ихтиёри “Кирпич” вогузошт Фарҳод.
-Майлаш биёр,-амр дод сартарош.
Ниҳоят пешхизмат ду қаҳва ва ду дона конфет оварда, болои миз гузошта, худ боз аз пайи кораш рафт.
“Кирпич” конфетро кушода, онро шикаст ва мағзи онро, ки пластилинро мемонду чун донаи гандум ба санъати баланд дар дохили конфет гузошта шуда буд, гирифта ба зери забонаш гузошт ва лаҳзае байни андешаҳои хеш дода шуд.
Фарҳод чӣ кор карданашро намедонист, вале ба ёд овард, ки чун вориди осиёб шудӣ, бегард баромадан ғайриимкон аст ва конфети дигарро кушод...
-Афсӯс ки корҳои мавсими тамом шуданд вагарна туро ба Холхин гол32 мефиристодем. Дар давоми понздаҳ-бист рӯз барои як чорчарха кор мекардӣ, вале зимистон алакай дар остонаи хонаи мо ва дар Холхин гол ҳам дигар ҳосиле намонда.
Акнун Фарҳод фаҳмид, ки Зоҳир ӯро барои иҷрои чӣ гуна коре ба назди сартарош фиристодааст. “Экстра” дар зери забонаш об шуда рафт ва ӯ аз болояш қаҳваи гарм нӯшид.
Ишора ба минтақае, ки маводи мухаддир кишт карда мешавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо