Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Исто, худат медонӣ, ки директор чӣ маъно дорад ва ӯ бояд чӣ гуна шахсияте бошад?
-Албатта, дар он деҳае, ки замоне банда зиндагӣ доштам, як ҳамсояамон директори совхоз буд, карру фараш дар осмон, либосҳою галстукашро дида ҳаваси кас меомад, мошини хизматӣ дар ихтиёраш ва як марди ҳузарб ронандааш буд, ки соатҳо дар сари чанбарак ғанаб рафта, омадани директорро интизор мешуд...
-Ана аз рӯй ҳамин гуна директорон як давлати обод бо номи СССР- ро вайрону валангор намуданд, чунки як нафаре, ки либосҳояш гард надида, боз як нафаре соатҳо ӯро сари чанбараки мошини хизматӣ интизорӣ мекашид, сарварии як корхонаи калони саноатиро ба душ дошт ва чӣ тавр метавонист нафаре, ки танҳо дохили осиёб шуда, аз он ҷо бе гарду чанг баромадааст, корхонаро сарварӣ намояд ва ду тан бе ягон манфиат маоши давлатро мегирифтанд ва ба қавле давлатро ғорат менамуданд...
-Директор аслан маънии “деловой человек” ё худ шахси корчаллонро дорад ва дар Ғарб ба вазифаи директор нафареро таъин мекунанд, ки ӯ шоистаи ҳамин номаш бошад.
Директор дар Ғарб либоси ғиҷимнашаванда ё худ “ҷинс” мепӯшад, умуман галстук намебандад, чунки галстук ба ҳаракати озоди шахси корчаллон монеа эчод мекунад ва ҳарчанд ӯ соҳиби мошини хизматист, вале ӯ худаш мошини хизматиашро идора мекунад ва касе вайро интизор намешавад ва роҳбарияти синдикат аз рӯйи ҳамин талаботҳо ин вазифаи зормондаро ба души банда вогузоштанд.
-Мехостам як ҳолатро аниқ намоям.
-Бошад.
-Гуфтед, нафаре, ки қасд ба ҷони дигаре мекунад, худ ҳадафи тири милиса мегардад, пас дар ин амал чӣ лозим буд бандаро шарик намудан?
-Нафаре, ки қасди ҷони дигаре мекунад, ӯ худ милиса аст ва ба хотири манфиатҳои шахсиаш шуда, борҳо сирри идораашро ба синдикат фурӯхтааст ва оне, ки қасди ҷонаш мекунанд, дар зери назорати милиса қарор дорад. Пас агар худат назоратчии ҳамон нафари ба қатл маҳкумшуда мебудӣ, чӣ кор мекарди?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо