Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Навбатдори милиса матлаби онҳоро шунида, гуфт, ки ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Сорбони Ҳомид нест ва омаданаш ҳам ба гумон.
-Чӣ хел омаданаш ба гумон? - пурсид Зулайхо.
Навбатдор боз чизе гуфтан мехост, вале дар кушода шуду нафаре, ки акнун мавриди баҳс қарор гирифта буд, худ вориди бино шуд
-Ба бахти шумо, ана рафиқ капитан ҳам омаданд, - гӯён навбатдор таваҷҷуҳи мусоҳибонашро, ки пушт ба тарафи дар меистоданд, нисбат ба нафари акнун вориди бино шуда бедор намуд ва ҳарду “корафтода”нигоҳи хешро ба самти дар дӯхтанд.
-Акаҷон, мо ба назди шумо омадем, - баъди салом гуфт Зулайхо.
-Ин хел бошад, рафтем, - гуфт нафаре, ки “дилдодагон” ба хотири дидораш роҳи дарозеро пиёда тай намуда, омада буданд ва ҳар се якҷоя ба ошёнаи дуюм баромаданд...
Хуморов соати 1200 ба қаҳвахонаи “Сарез” омад. Аслан ӯ ба ин ҷо ҳам омаданӣ набуд. Дар масофаи дусад-дусаду панҷоҳ метр аз қаҳвахона Ормони Файз ба андешаи “мири олами ҷиноӣ” соатҳои охири ҳаёташро паси сар мекард. Соате пештар вай ба прокурор занг зада огоҳӣ ёфт, ки милиса соати 1100 Ормон Файзро барои ба ҳабс гирифтан ба назди прокурор бурдани шудааст, вале Абдулваҳҳоб Наботович ба прокуратураи шаҳри даъват шуданашро баҳона намуда, ин амалро то соати 1800 ба таъхир андохтааст.
Ба тангии вақт нигоҳ накарда Григорий Хуррамович ба ҷой вохӯрӣ омада, як чой фармуд ва омадани Зулайхоро интизор шуд. Ӯ танҳо дар лаҳзаи охир андешаи ба гарав гирифтани Зулайхоро аз сар дур кард. Нахост дар ҳамин рӯзе, ки ба тақдири дӯсташ Ормон Файз хатти батлон кашиданист, ба чунин амале, ки вақту соати муайянро талаб мекунад, даст занад. Ба ҷои вохӯрӣ омада истода, ӯ боварӣ дошт, ки муҳлати шартномаро барои иҷрои кори базиммагирифтааш дароз карда метавонад, вале вақт мегузашту аз Зулайхо хабаре набуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор