Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

- Не, чунки кӯча торик буд ва ман ба онҳо чандон аҳамият ҳам надодам, вале дар ёдам ҳаст, ки яке аз онҳо чун ман қомати баланд дошт.
-Қади шумо чанд?
-Яку ҳаштоду ду.
Сорбони Ҳомид лаҳзае сари андеша фурӯ рафта, нишондоди мусоҳиби кунуниашро ба хулосаи ташхиси тиббӣ-судӣ, ки дар он омада: “аз рӯйи зарбаи корд қади қотил аз қади Исроил Фотеҳ (қади мақтул 175 см) пастар будааст дар қиёс гузошта гуфт:
-Қади нафари дигараш чӣ хел буд?
-Чи хеле гуфтам, ман ба онҳо дуруст аҳамият надодам, вале дар ҳамон лаҳза ман онҳоро ба Дон Кихот ва Санчо1 шабеҳ додам, ҳарчанд қаду қомати нафари дуюмӣ дар паҳлуи он ҷавони қоматбаланд ҳаракат карда истода низ он қадар паст набуд.
-Рафту онҳо бо шумо рӯ ба рӯ оянд, боварӣ доред, ки онҳоро мешиносед?
-Ба гумон аст.
-Вазъи худро аз рӯйи қазияи мазкур чӣ хел тасаввур мекунед?
-Хуже не куда.
-Мо дар ҷой ҳодиса чанд изи дастро гирифтаем ва барои муқоиса бояд...
-Шуморо фаҳмидам ва барои гирифтани изи ангуштонам зид нестам. Охир ман маҳз барои ҳамин ба милиса омадам, ки бегуноҳии хешро собит намоям.
-Шумо дар он хона ба ягон чиз даст нарасонидед?
-Не ва чӣ хеле гуфтам, ман дар он ҷо на беш аз даҳ дақиқа будам.
-Даҳ дақиқа ҳам вақти кам нест.
-Баҳс намекунам, модоме ки дар ду-се дақиқа бонкеро ғорат мекунанд. Барои собит намудани андешаҳоям метавонам филми бадеи “Амалиёт дар нисфирузӣ оғоз мешавад”-ро ба хотиратон биёрам, ки ғоратгарон дар рӯзи рӯшан бонкеро дар давоми се дақиқа ба тамом “тоза” намуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор