Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар интиҳо нафареро, ки дар замираш пайкони муҳаббатро ҷо ба ҷо намуда буд, ҳамроҳи Сорбони Ҳомид аз зинаҳо ба боло омад ва корманди милиса ӯро низ ба дафтари кориаш даъват намуд...
-Чаро сардоратон маро қабул накард? - баробари ба курсӣ нишастан пурсид Карими Кабир.
-Чунки эшон ба нишондодатон шинос шуда, дар он ҳолатҳоеро, ки метавонистанд мавриди баҳс қарор гиранд, наёфт.
-Нафаҳмидам?
-Яъне, сардор ҳам ба бегуноҳиатон бовар кард ва аз ҳамин лаҳза шумо озод ҳастед.
-Чӣ хел озод?
-Яъне милиса нисбат ба шумо дигар даъвое надорад ва ба куҷое хоҳед рафтан гиред, - гуфт Сорбони Ҳомид ва аз байни ҳуҷҷатҳои дар ҷувдон ба назди сардор бурдааш чиптаи парвозро гирифта ба дасташ дод.
-Не, ман то ҳаллу фасли ҳамин масъала ба ягон ҷо рафтан наметавонам.
-Истодани шумо шарт нест ва агар дар ҳақиқат ба бегуноҳии хеш боварӣ дошта бошед, метавонед равед.
-Ман аллакай гуфтам, ки гуноҳи хешро дар ин ҳодиса намебинам, вале ин ҳанӯз сабаби асосии дудилагии ман нест ва ман донистан мехоҳам, ки оё шумо ба бегуноҳии ман боварӣ доред, агар боварӣ надошта бошед, ман то собит шудани бегуноҳиам аз ҳамин бино намебароям.
-Агар ман ба бегуноҳиатон боварӣ намедоштам, ҳаргиз дар назди сарвари милиса кафили шумо намешудам.
-Миннатпазирам, - гуфт мичман ва ба тарафи мусоҳиби дар рӯ ба рӯяш нишаста нигариста гуфт: - Фикри шуморо ҳам дар ин ҷода ман донистан мехоҳам.
-Рӯзи аввали ба ин ҷо даъват шуданаш бону Зулайхо ба бегуноҳии шумо савганд хӯрд ва маҳз ҳамон савганд падидаи аввалине дар нигоҳи мо нисбат ба бегуноҳ буданатон гардид.

пешина
аз 441
навбатӣ