Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Дар ҳамин ҷо мавҷи андешаҳои нафаре, ки чандин сол боз дар баҳру уқёнусҳо шино дошт, ба дуриҳои дур, ба барномаҳои сайёҳ ва журналисти машҳури телевизиони маркази Русия Николай Дроздов, ки бо наворҳои нодири хеш аз олами вуҳуш хабар медод, омехта шуд:
“Дар соҳилҳои Атлантика ҷазирае ҳаст, ки он ҷойро “Биҳишти морон” меноманд. Ҳукумати Бразилия минтақаи мазкурро чун мамнуъгоҳ эълон намуда, сарпарастии онро ба души хеш гирифтааст. Бе рухсат ва ҳимояи давлат касе ба он минтақа қадам гузошта наметавонад, чунки хатар ҳамеша домангири чунин ашхоси худбовару худписанд аст. Яъне, он ҷое, ки барои морон биҳишт аст, барои инсон ҳамеша хатар дорад ва он аз дӯзах камтар нест ва баръакс” - ба ёд овард мичман суханони ровии машҳурро, ки дар Владивосток тобистони ҳамин сол аз шабакаи телевизиони маркази Русия тамошо намуда буд.
Марги бобои Акрам сабаб гардид ва набераи шабгарди ӯ аз Шарқи Дур омада дид, ки баъди ба эътидол омадани вазъият он “шербачаҳо” аз рӯи шариати ислом гулдухтарони диёрашро талоқ намуда, худ ба назди зану фарзандонашон рафтанд.
Наварӯси хушқомат,
Бевазан шуда номат,
Бошавҳари гумномат,
Мегиряму менолам.
Рафти ҳодисаҳоро аз нигоҳи мантиқ ба риштаи тасвир кашида гуфтааст нафаре, ки ду ҷигарбандашро болои ғарами гандум дар пеши чашмаш аз даст дода ва тақдири бадашро дар шеъри “Хирманҷо мазорам шуд” рӯйи лисон оварда.6
Сухан аз Сайидакбар Ализода.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё