Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Ман ба ягон кас занг намезанам, худатон назди сардор рафта ҳамин масъаларо бубинед, - гуфт муфаттиш ва гӯшакро ба ҷояш гузошт. “Модоме ки байни прокурор ва милиса гурбаи сиёҳ гузашта бошад, ба ҷуз ба прокуратура бурдани Ормон Файз роҳи дигаре нест,”- аз дил гузаронд муфаттиш ва ҳуҷҷатҳои парвандаи ҷиноятиро дар нисбати Ормон Файз ба тартиб оварда, ба ҷувздони чармин гузошта, бори дигар ба соати деворӣ чашм дӯхт. Ақрабаки соат 1745 дақиқаро нишон медод. Муфаттиш ҷузвдонро гирифта, аз дафтари кориаш берун омад. Навбатдор хабар дод, ки сардори милиса барои ба прокуратура бурдану овардани “ҷанобашон” (Зоғов дар назар аст-киноя) мошини хизматиашро ҷудо намуд.
-Киноягӯиатонро бас кунед рафиқ майор,-ба тарафи навбатдор нигариста гуфт муфаттиш ва боз суханашро идома дода арзи дили хешро дар чунин шакл ба самъи мусоҳиби киноягӯяш расонид:
-Шахсан барои ман мошин лозим нест ва модоме ки роҳбарият ба прокурор забон як карда наметавонад, айби мо чист.
-Роҳбар дар ин ҷо гуноҳе надорад.
-Набошад ин ҳамдигарнофаҳмӣ бо айби кӣ рух дод?
-Бо айби худи прокурор.
-Ҳоло ҳамин хел гӯед?

  • Ҳамин хел, ҳарчанд ман дар он маҷлис набудам, вале аз рӯи шунидам, айби прокурор шудааст, ки ба ҳимояи муфаттиши прокуратура Соҳиб Хол бархеставу алови чашми милисаро гирифтанӣ шудааст, бехабар аз он ки беша ҳам бе паланг нест ва Сорбони Ҳомид ӯро боб кардааст. Афсӯс ки уштур каҷии худашро намебинад,- гуфт навбатдор.
    -Барои ҳар як дег кафлес ҳам ёфт мешавад, - гуфт муфаттиш ва аз навбатдор хоҳиш намуд, ки Ормон Файз ва васиёни ӯро (конвой дар назар аст) ба мошин шинонад, чунки то лаҳзаи вохӯрӣ ҳамагӣ даҳ дақиқа вақт мондааст.
    -Итоат!

-Киро интизоред?
-Аз куҷо гирифтӣ, ки касеро интизорам?

пешина
аз 441
навбатӣ