Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

ЭПИЛОГ
Дар рафти тафтишот баъди санҷиш ва таҳлил қарор додани ҳуҷҷатҳои аз бӯстонсарои Хуморов ёфтагирифташуда ҳаракатҳои пасипардагии “мири олами ҷиноӣ,” ки баъзан ӯро “мири шаҳр” ҳам мегуфтанд, оҳиста-оҳиста рӯйи об баромаданд. Дар феҳристи гирдовардаи Григорий Хурамович барои ашхоси болонишин, ки аз ҳисоби синдикат борҳо ком ширин намуда буданд, боби махсусе ҷудо карда шуда, иҷрои ҳар як ҳаракати нафарони дар мансаби давлатӣ буда ба навор гирифта шуда буд, ки мақоли халқи “гувоҳи рӯбоҳ-думаш”-ро ба ёд меовард. Аз ҷумла, дар яке аз ҳамин ҳуҷҷатҳо омада буд, ки дар таърихи 25.05.199... бо амри “раис” (Хуморов дар назар аст) ба прокурори ноҳия Абдулваҳҳоб Наботович Усмонов як камераи ба наворгирии “Сони” туҳфа намуда, барои гузаронидани маъракаи интихоботи бародари прокурори ноҳияи Сарчашма Маҳмадқул Усмон 50000 сомони ҳамчун ёрии бебозгашт дода шудааст. Нигар ба касетаи № 4. Имзо Ормон Файз.
Инчунин дар бойгони ҳашт адад кассетаҳои характери махфӣ дошта аз болои ашхоси гуногун, чун Қамариддин Сафаров, бародарон Абдулваҳҳоб ва Маҳмадқул Усмоновҳо, Зафар Ҷумъа, Назар Олим, Эрик Рура ва боз даҳо нафари дигар ёфт шуданд, ки тафтишот саргузашти ҳар якеро чун саргузашти Самаки айёр мариди омӯзиш қарор дода, ба ҳар кадоме аз ин “қаҳрамонҳо” аз рӯйи нақши бозидаашон баҳои ҳақиқӣ дод.
Дар давоми рӯзҳои 6-9 ноябр дар амалиёти “Мушқапак” нашъаҷаллобони хурд Каюмарс, Зураб, Коно, Салим, ёвари Ормон Файз –Додарбеки Раҳим, ронанда Латиф Бозоров ва хизматгори тарабхона Ҷамол Наъим ба ҳабс гирифта шуданд.
Дар охири моҳи ноябр дар асоси амалиёти якҷояи ВКД ва Комитет оид ба муҳофизати сарҳади ҶТ ҳангоми интиқоли маводи мухаддир гурӯҳи наркобарони бадахшонӣ Ёрабшо Атоуллоев дастгир карда шуд.
Баъди ҳашт моҳ Сорбони Ҳомид даъватномае гирифт, ки Зулайхо ва Карим ӯро ба тӯйашон даъват намуда буданд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор