Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ШИКАСТИ

РУҲ

Роман
Посе аз шаб бошад ҳам, паси мизи кориро нияти тарк намудан надоштам. Ҳамаи инро супориши роҳбарияти ШКД сабаб гардида буд, ки ба души банда омўзиши парвандаҳои ҷустуҷўи солҳои пешинро гузошта буданд.
Баъди тановули шом, вақте ки ман пой бар остонаи бинои милиса гузоштам, тамоми осмон дар зери пардаи ҳарири абр буд. Тайи ин муддат чунон ба кор дода шудам, ки дигар дар берун чӣ гапу хабарҳо гузашт. гуфта наметавонам.
Рафту агар тобистон дар осмон пайдо шудани абрҳоро медидам, шояд таъбам мегирифт, ё ҳатто фишори хунам баланд мешуд, чунки банда ҳамеша дар фикру зикри марди деҳқонам, вале ин бегоҳ вазъи ҳаво ҳам таъби маро вайрон накард. Охир мо дар мавсими хазонрез қарор доштем ва ба қавле зимистон аллакай пой бар остонаи хонаамон гузошта буд.
Аз рўи ҳар як парвандаи мавриди омўзиш қарор додам ба коғази алоҳидае фикру зикри хешро сабт менамудам, то ба номи роҳбарият маълумотномаи муфассале тартиб диҳам, вале…
“Тадбир ба тақдири Худованд намонад,” гуфтагӣ барин шамоли сахти аз берун ба тиреза ангуштзананда мавҷи андешаҳоямро парешон намуд ва чун аз болои коғазҳои болои миз паҳну парешон гузоштаам сар бардоштам, чашмам ба соати калони девори болои дар бархӯрд. Ақрабаки соат 2250 дақиқаро нишон медод.
Тайи ҳамин муддат шамол дубораю себора ба «ҳуҷум»
гузашта, ба тирезаи шаффофи дар пушти сарам буда ангушт мезаду ангушт...
Инони ихтиёр аз даст додаму ҳамаи когазҳои то кунун болои мизи кориам паҳну парешон хобидаро гирд оварда, ба сейфи оҳанин гузошта аз ҷой бархестам. Тугмачаи чароғаки барқии пушти дарро дигарбора зер намуда, чароғро хомўш намудаму аз ошёнаи дуюм ба поён ҳаракат намудам.
Чун ба ошёнаи якум фаромадам, хостам ба навбатдор худоҳофизӣ намоям, ки ногоҳ шамол бо тамоми қувва дари баромадгоҳи биноро бо зарба пушид ва моро дар муҳосира монд. Дар ҳоле ки аз ин ҳуҷуми ногаҳонии шамол мо ҳанўз ба худ наомада будем, яку якбора чароғҳо хомўш шуданд.

пешина
аз 441
навбатӣ