Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Аз эҳтимол дур нест, ки агар ба ҷойи ў ман марди фирориеро медидам, дар дилам фикрҳои ботил рўи саҳна меомад, вале дар он ҳолат ҳам ба гумон буд, ки бе далел ман вайро боздошт намоям... Ба ҳар ҳол агар ў мард мебуд, ба гумон буд, ки дар боздошти таксӣ аз райъаш гардад.
Ба пиндори кунунии банда ҳам бояд чунин мешуд. Охир ҳар як ҳаракати ногаҳонӣ дар шаб гумонҳои ботилро рўи саҳна меорад ва аминам, ки дузду роҳзан ҳам ҳамин чизро нағз медонанд ва албатта кўшиш ба харҷ медҳанд, то шубҳаи роҳгузаронро дар нисбати хеш бедор накунанд…
Аз пушт садои вижос задан ва боз истодани мошинеро шунида гумон кардам, ки зери чархи он мондам ва чун ба қафо нигаристам, боз суроби ҳамон занро дидам, ки ҷисми хешро дохили мошини роҳгузар гирифт ва лаҳзае пас мошин дар хати сеюми роҳ аз паҳлуи банда гузашта рафт…
Ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки чӣ тавр он зане, ки пешопешам мерафт, ин дафъа аз пуштам баромад. Шояд ў суроби бандаро дида, каме ба пеш ҳаракат намуду сипас пушти дарахте пинҳон шуд. Ё шояд зане, ки лаҳзае пеш ба мошин нишаст, умуман дигар кас буд.
Дар ҳолате, ки дар майнаи банда ҳамин фикрҳои бесару нӯг чарх мезаданд, чароғҳои кӯча ва он маҳал фурӯзон шуданд.
Мисли оне ки бори вазнинеро аз душат гирифта бошанд, ман оҳи сабуке кашидам...
Сари субҳро бо бонги хурўс не, балки бо садои гӯшхароши телефон пешвоз гирифтам. Дар ҳоле, ки Умеда дар ошхона субҳона тайёр мекард, банда дилу бедилон аз ҷой хеста гӯшакро бардоштам.
- Рафиқ капитан, ба идора биёед, - гўён навбатдори милиса ба гуфтугўи хеш нуқта гузошт.
Ҳарчанд марому мақсади навбатдорро то ба охир нафаҳмидам, вале ба хулосае омадам, ки рафту агар тинҷӣ мешуд, беҳуда маро як соат пеш аз оғози кор даъват намекарданд.
Сару рўямро шуста, ҳамоно либосҳои кориамро ба бар намудам ва ин амал таваҷҷуҳи ҳамсарамро бештар намуд. - О, ман субҳона тайёр намудам, - эътироз намуд Умеда.
- Маро ҷеғ заданд, мефаҳмӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор