Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

- Кор гурехта намеравад ва умуман чӣ хел ту бо шиками гурусна майли хизмат дорӣ?
- Ваъда медиҳам, ки фардо субҳонаро якҷоя бо ҳам хоҳем дид.
- Туро ҳеҷ нафаҳидам.
- Баъд ҳамаашро мефаҳмӣ, - гўён ба тарафи дар ҳаракат намудам.
Аз пеши баромадгоҳи бино ба осмон чашм дўхтам. Назар ба дирўз ин дафъа осмонро аззери пардаи ғафси абр надидам, ҳарчанд шамол набуд, вале сардии ҳаво ҳис мешуд ва омадомади зимистон ногузир буд.
Чун пой бар остонаи бинои милиса гузоштам ва навбатдор батафсилтар бандаро бо «каломи» ғулғулаҳои шабона шинос кард, мавҷи андешаҳоям лаппиш хўрд...
Аз рўи гуфти навбатдор аз паси бинои нуҳошёнаи кўчаи Беҳзод соате пештар ҷасади марди тахминан бистуҳаштсисоларо ёфтанд ва лаҳзае пештар аз омадани банда ҳайати гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ ба ҷойи ҳодиса рафтаанд. Сарварии гурўҳро худи Ҳамид Ҷовид ба душ гирифтааст.
Ин дафъа сардори ШКД ҳамроҳи муфаттиши прокуратура худаш ба ҷойи ҳодиса рафт, - бандаро ором карданӣ шуда гуфт навбатдор.
Дигар ҷойи баҳс ҳам, набуд, ки ман дертар омадам, ҳарчанд навбатдор дар ин бора ҳарфе ҳам ба забон наовард.
Аламовараш он буд, ки ҷасадро аз пушти биное ёфтанд, ки аз милиса дар масофаи сесад-чорсад метр ҷойгир аст. Бинои мазкур дар ҳамон самтест, ки банда дишаб аз паҳлуяш гузаштам. Маҳз аз ҳамин бино поёнтар ман суроби он занро дидам. Суроби занеро, ки баробари дидани банда аз он маҳал фирор кард ва боз чӣ тавр аз пушт рўи роҳ баромада мошинеро боздошт.
Ҳарчанд ман бо боварии том гуфта наметавонам, ки он ду симо симои як шахс буданд.
Ба ошёнаи дуюм баромада, лаҳзае пас пушти мизи кориам нишастам. Хостам боз омўзиши парвандаҳои солҳои пешинро давом диҳам, вале чун дидам, ки мавҷи андешаҳоямро дар як нуқтаи муайян гирд оварда наметавонам, аз райъам баргаштам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор