Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Сари субҳ пас аз адои намози бомдод бобоям ба меҳмонхона даромада мебинад, ки меҳмон нест.
Тааҷҷубаш бештар мешавад, ки чаро Ҳоҷӣ Нуралӣ хайрухушро нася гузошта баромада рафтааст, вале лаҳзае пас ӯро дар кӯҳдомани Шопашанг (номи теппа) мебинад ва оҳиста-оҳиста ба назди меҳмон меравад. Меҳмон, ки то ин лаҳза аз баландии кӯҳтеппа саргарми тамошои Гулзор ва деҳаҳои атрофи он будааст, баробари дидани соҳибхона нигоҳашро ба сӯйи ӯ духта гуфтааст:
-Акои Акрам, оё дар дунё маконе зеботар аз Гулзор бошад?
Ва бобоям ҳамеша ҳамин суханони Ҳоҷӣ Нуралиро ба ёд меовард, қалбашро ором намуданӣ шуда гуфт Карим.
Тук...тук...тук...
Тапиши муътадили набз, ин нишонае аз ҳамдиди қалб бо ҷон буд ва Карими Кабир ба хулосае омад, ки қалбаш дар нисбати зодгоҳаш дигар эътирозе пеш нахоҳад овард...
Сафари Карими Кабир ба Гулзор ба вақте рост омад, ки то ба андозае қонун маҷрои хешро гирифта буд ва он “хонашерони майдонғариб” боз тағйири ниқоб намудаву аз ҳисоби Ҳукумат соҳиби вазифа шуда ҳамроҳи мардуми дар даргириҳои сиёси зарардида баҳри ободии диёр ба қавле камари ҳиммат барбаста...
Дар нимаи дуюми рӯзи 24 октябр ҳамсари Исроил Фотеҳ
ҳамроҳи духтараш аз Хуҷанд ба Душанбе омаданд. Бо
расидани онҳо ба манзилашон дидбонгоҳои назоратиро
гирифтанд. Дар соатҳои аввалини бозгашти соҳибхоназан
Сорбони Ҳомид ва муфаттиши прокуратура Соҳиб Хол боз ба
он манзил ташриф оварда, ба чанд саволи ҳалталаби хеш
посух гирифтанд. Соҳибхона манзили истиқоматиро аз назар
гузаронида, хабар дод, ки ҳазор доллари амрикоӣ дар ҷойи
гузоштаашон нест. Ба саволи муфаттиш, ки дар шароити
бурҳони иқтисодӣ ва дар ҳолате, ки соҳибхонаҳо танҳо бо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё