Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

- Вале чӣ?
- Онҳо пойдоранд ва ҳаргиз тарафе қасди ҷони тарафи дигар накардааст, ин ҷо бошад...
- Ва боз таърих шоҳид аст, ки чунин ҳолатҳо ҳам кам нестанд, ки муҳаббат бо чунин зайл анҷом пазируфта.
- Худоё наход…»
Боз ҳамон манзараи ду шаб пеш чун лентаи кино аз пеши назарам гузашт.
Шамоли сахт, хомӯш шудани барқ тайи понздаҳ-бист дақиқа дар як маҳаллаи калон.
Пардаи зулмотро даридани чароғҳои мошинҳои роҳгузар, шикастани шохаҳои хушкшудаи дарахтон ва симои он ҷавонзане, ки дар самти муқобили бинои рақами 17-и кӯчаи Беҳзод мошинеро боздоштан мехост…
«Худоё, наход байни ҳамон ҷавонзани фирорӣ ва ҳодисаи ба сари Сафо Боқӣ омада пайвастагие бошад? - Чаро не, - шунидам овози қалби хеш.
- Пас ў кист?
- Андеша намо.
- Андеша аз кадом самт?
- Андеша аз нигоҳи мантиқ».
Бо ҳамин фикру хайёл ман чӣ тавр пушти дари хона расиданамро нафаҳмидам…
Хусрав Раҳимро дар ҷойи кораш ёфтам. Ў сармуҳосиби яке аз трестҳои сохтмонии шаҳр, марди тахминан сию панҷчилсолаи лоғарандоме буд. Агар худам ўро дар паси мизи корие, ки пушти дараш «Сармуҳосиб Хусрав Раҳим» навишта шуда буд, намедидам, асло бовар намекардам, ки ин марди сӯзанхӯрда сармуҳосиб аст.
-Марҳамат, бародар гузаред, - баробари пой ба остонаи дафтари кориаш гузоштан аз ҷой бархоста, ба истиқболам чанд қадам гузошт ў ва курсиеро, ки паси мизи хурдакак буд, нишон дода, худ низ дар муқобилам омада нишаста, бори дигар бандаро хайрамақдам гуфт ва ҳамоно матлаби ташрифамро пурсон шуд.
-Ман аз милиса, - гўён хостам даст ба кисаам бурда шаҳодатномаи хизматиамро бароварда нишон диҳам.
-Лозим нест, бовар мекунам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор