Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ман ин дафъа мақсади ба он ҷо ташриф оварданамро гуфта додам.
-Ба Абдурашид ҳамаашро гуфта будам-ку, - ба чашмонам нигариста гуфт мусоҳибам.
Нигоҳи ў чун нигоҳи ҳама гуна мардони лоғар сард, вале нишонрас буд. Аз он чӣ ки ў номи нозири минтақавиро чунин мулоим ба забон овард, ман ба хулосае омадам, ки чун ҳама мансабдорони бо пул сарукордошта бо ҳомиёни қонун муросо мекунад.
-Абдурашид ҳамаашро гуфта дод, вале нишондоди шумо шакли расмиро талаб мекунад ва боз баъзе ҳолатҳои корро аниқтар кардан лозим мешавад.
-Шуморо гӯш мекунам.
Диктофони хурдакакеро аз ҷузвдони кориам бароварда, болои миз гузоштам ва Хусрави Раҳимро бо сабти овози хеш барои надодан ё додани нишондоди бардурӯғ дар асоси талаботи қонуни ҷиноии амалкунанда огоҳ намудам.
-Ман ҳамаашро мефаҳмам.
Аз суханони гуфтаи ў ба хулосае омадам, ки ў шояд аз худи ман беҳтар бо қонунҳои ҷорӣ бохабар аст ва чун банда аҷаб не ки даҳҳо ҳомии қонунро лаби об ташна бурдаву ташна оварда, вале суҳбати дар пешистодаи мо, албатта, аз суҳбатҳои пешини ҳаммаслакони ман аз замин то осмон фарқ дошт. Ҳамаи инро сабаб он буд, ки дар кадом шакле ҳам набошад, аз ин суҳбат ба ин марди суханхӯрда на зиёне буду на суде…

  • Мехостам, дар бораи шиносоии хеш ва дар кадом поя қарор доштани ин шиносоӣ бо Сафо Боқӣ чанд сухан мегуфтед?
  • Аслан ман худораҳматии Сафо Боқиро аз кӯдакиаш мешиносам. Он солҳо ману падари Сафо – Боқии Низом дар трести роҳсозӣ кор мекардем. Ман муҳосиб будаму Боқӣ Низом сармуҳосиб. Ҳарчанд дар синну сол байни ману шодравон Боқии Низом фарқи калоне буд, вале мо дӯст будем.
    Боқӣ-ака нисбати банда ҳукми устодӣ дошт ва ҳарчи ки ман дар зиндагӣ ба даст овардам, ба шарофати ҳамон марди бузург соҳиб шудаам. Муносибати мо дар корхона чун устоду шогирд буд, вале баъди кор мо акою уко мешудем. Ягон маъракаи хешро бе иштироки ҳамдигар намегузаронидем ва ба ҳамаи ин нигоҳ накарда ҳамеша қадри нону намакдонро медонистем.
    Аминам, ки маро мефаҳмед?
пешина
аз 441
навбатӣ