Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • То андозае.
  • Ба таври дигар гўем, кӯрнамак набудем.
  • Бо писари Боқӣ Низом муносибататон дар кадом поя қарор дошт?
    -Баъди марги Боқӣ-ако ва ҳамсари ў апаи Оиша муддате мо рафтуомадро ба хонаҳои ҳамдигари давом медодем, вале ин муносибат оҳиста-оҳиста сард шуд ва бовар намоед, на бо гуноҳи банда.
    -Чӣ хел?
    -Баъди хатми донишгоҳи миллӣ ман худам Сафоро ана ба ҳамин корхона ба кор овардам, ба ў роҳу равиши корро нишон додам, вале чӣ мегўед, ки фазои ин корхона барои парвози ў тангӣ карду аз ин ҷо рафт. Баъдтар чун ў мақоми хешро дар зиндагӣ дарёфт, банда аз хурсандӣ дар куртаам нағунҷидам.
    Мегўянд, ки фарбеҳиро танҳо гўсфанд бардоштааст ва ҳар кӣ ин сухан гуфтааст, оқилтарини оқилон будааст, мефаҳмед?
    -Ҳа, гӯшам ба шумост.
    -Акнун бармегардем ба сари ҳодиса.
  • Гӯш мекунам.
    -Бори охирин ману ҳамсарам дар зодрўзи Сафо ба хонадони вай рафта будем. Ба ҷуз мо боз чанд нафар ёру дӯстони Сафо гирд омада буданд. Дар байни даъватшудагон дӯсти давраи мактабии Сафо Боқӣ – Хушнуди Замир ҳам буд. Хушнудро ҳам банда тайи ин солҳо ман чун дӯсти хонадони писари устодам эҳтиром мекардам, вале …
    -Чаро суханатонро буридед?
    -Чӣ гўям?
    -Ҳақиқатро.
    -Ман намедонам шумо кадом ҳақиқатро дар назар доред.
    -О, шумо худатон гуфтед, ки Хушнуди Замирро ҳам эҳтиром мекардед.
    -Ҳа, гуфтам.
  • Баъд чӣ шуд?
    -Биёед, беҳтараш маро ба ҳоли хеш гузоред.
    -Шумо дар марги Сафо Боқӣ аз Хушнуд гумон баред?
    -Ман ин хел нагуфтам.
    -Пас чаро аз гуфтани ҳақиқат метарсед.
    -Кадом ҳақиқат?
    -Ҳамоне ки аз гуфтанаш истиҳола мекунед?
пешина
аз 441
навбатӣ