Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

“Салом Карим. Муйсафед бандагии Худоро ба ҷо овард.
То лаҳзаи охирини умр чашмаш ба роҳи ту буд. Илтимос, агар тавонӣ омада, хонаву дарашро сарбон шав ва ё онҳоро аз рӯйи салоҳдиди худат ба ягон кас фурӯш... Абдулхайр. 4 октябр.
Гулзор.”
Ашк дар чашмони марди низомипӯш ҳалқа зад ва лаҳзае ҳам бошад, мавҷи андешаҳояш ба дуриҳои дур ба Гулзор парвоз кард...
-То нисфи шаб дар куҷо мегардӣ?
-Дар болои Зак будам.
-Пода – ку барвақт омад, ё туро қаровули болои Зак монданд. Се маротиба Абдулхайр ба суроғат омад, гӯён муйсафед аз ҷояш нимхез шуд...
-Ӯро бубахш, бобиш (бобояш лаҳҷа), - хоҳиш кард бибиаш.
-Бубахш, бубахш,- ғур-ғур кард муйсафед ва боз ба ҷояш нишаст ва ҳар дафъа ҳамин саҳна такрор мешуд, вале боре бобояш муйсафеди Акрам ӯро сояи шапот накард, чунки ҳамеша бибиаш Ҳанифа ба ҳимояаш мехест.
Аз рӯйи нақли бобою бибиаш ӯ ҳаминро медонист, ки онҳо соҳиби панҷ писар буданд ва падари ӯ Кабир писари хурдии онҳо буд. То ба синни навҷавонӣ расидан чор бародари калонии Кабир аз олам даргузаштанд.
Акнун пиру кампирро Кабир ягона умеду орзу буд ва баробари номаи камолро гирифтан ӯро бо Озод духтари ҳамдеҳаашон Сафар хонадор намуданд.
Озод-модари Карим ҳангоми таваллуди ӯ бо олами ҳастӣ падруд гуфтааст. Кабир дар ғами Озод ба касалии сил гирифтор шуда, баъди ду сол ба манзили хомӯшон рафт.
Умуман, Карим падару модарро ёд надорад ва аз рӯзе, ки худро шинохт, бобою бибиашро дид, ки чун мармараки чашм ӯро муҳофизат мекарданд ва ана мактуби ҳамсабақаш Абдулхайр...
Соҳибхона авзои парешони ӯро дида, сабаб пурсид ва чун аз тафсилоти воқеаи ба сари ҳамсояаш омада хабардор шуд, ба ӯ чун нишони ҳамдардӣ изҳори тассалият намуда, баробари шунидани садои занг барои кушодани дар рафт.

пешина
аз 441
навбатӣ