Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Баъди марги Юлий Сезар зиндагӣ ба Клеопатра ҳам вафо накард…
Пешхизмат лӯлакабобро наздам гузошту баҳрам дубора иштиҳои том орзу намуда, аз пайи кораш рафт.
Ҳарчанд Сафо Боқӣ чун Юлий Сезар подшоҳ набуд, вале ўро марди аноӣ ҳам гуфтан ғайриимкон буд. Охир шахсеро, ки дар шароити буҳрони иқтисодии ҷаҳон дорои қариб ду миллион доллар ҳаст, аноӣ гуфтан мумкин аст?
- Ҳаргиз не ва ба пиндори кунунии мо маҳз ҳамин мард баръакси Юлий Сезар на аз дасти нотавонбинон, балки аз дасти дӯст ё хиёнати дӯст ба ҳалокат расид ва агар Клеопатра нотавонбинони шавҳарро, ки то андозае ба ў «ёрӣ» додаву аз дарди бедаво раҳо намуда буданд, ба дор кашида буд, дар ҳодисаи мазкур ҳамсари Сафо Боқӣ бевафоӣ зоҳир намудаву бо дўсти шавҳар, ки чун гург дар ҷомаи меш буд, забон як карда…
«Дӯстро ба гург ташбеҳ додан магар аз рўи инсоф аст? - шунидам боз эътирози қалби хеш.
Абармарде гуфтааст, ки Оллоҳ таъоло маро аз дўстонам наҷот деҳ, илоҷи душманонамро худам меёбам. - Ва албатта номи он абармард дар ёдат нест?
- Нест.
- Аз нуқтаи назари мантиқ сухани абармарди гуфтаат ҳақ асту рост.
- Наход?
- Якум, ки ба суханони гузаштагон шак набиёр, дуюм рафту Сафо Боқӣ, агар хиёнатеро ҳам аз ҷониби касе интизор буд фақат аз дӯст не. Душман ҳаргиз аз пушт ҳамла намекунад, вале…
- Вале чӣ?
- Ҳуҷуми дӯст ҳаргиз ҳуҷуми рўйирост нахоҳад буд.
- Рафту дар ҳодисаи мазкур гунаҳкори асосӣ ҳамсари Сафо Боқӣ бошад-чӣ?-бо қалби хеш сари баҳс қарор гирифта пурсидам ман.
-Шояд. Худ андеша намо, ки Зулайхо бо Азизи Миср чӣ кард, вале Юсуф, ки ҷавони поктинату намакро пос медоштагӣ буд, бо ў дастдарозӣ накард ва худро ба азобу шиканҷа гирифтор намуд… - Ин ҷо чӣ?
- Ин ҷо ҳодиса тамоман дигар аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор