Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

- Баръакси ҳодисаи Юсуф ва Зулайхо.
- Шояд .
- Яъне Хушнуд Замир танҳо ба ном дўст буд?
- Ман аз куҷо донам, охир ин андешаи мутамарказонидаи тафаккури шумост», эътироз намуд қалбам.
Ман тамоми дидаву шунидаи тайи панҷ рўзи охирро дар атрофи ин қазия дар мизони ақл гузоштам ва дар интиҳо ба хулосае омадам, ки рафту агар Хушнуди Замир чун гург дар ҷомаи меш будӣ, ин ҳам чандон аламовар нест, чунки чунон дўстони хасакӣ дар дунё лаки дар лаканд. Аламовараш он аст, ки Боноз бо гург забон як карда…
Ин аҷаб набвад, ки меш аз гург ҷаст,
42 Ин аҷаб, ки меш дил бар гург баст …
- Марҳамат,-гўён муфаттиш коғазеро аз байни парвандаи ҷиноӣ берун оварда ба дастам дод.
- Ин чӣ?
- Ҳамааш дар ҳамин ҷо, аз тавсифи пешакии он коғази сеҳрнок худдорӣ намуда гуфт Нӯшини Азиз.
Банда ба қироати он пораи лисон пардохтам:
“Ба муфаттиши прокуратураи ноҳияи Сарчашма, ҳуқуқшиноси дараҷаи сеюм Нӯшини Азиз.
Шабакаи телефонии шаҳр дар асоси номаи шумо таҳти рақами 8/673 аз 29 ноябр хабар медиҳад, ки рўзи 27 ноябр аз соати 1230 то соати 1725 дақиқа касе бо телефонии рақами 227- 56-3… занг назадааст. Илова рўйхати абонентҳое, ки баъди соати 1725 бо телефонии дар боло зикршуда алоқа барқарор намудаанд ё хоҳиши алоқа барқарор намуданро доштанд.
Сардори шабакаҳои телефонии Махсумов А.»
Дар рӯйхат як рақами телефонии панҷ маротиба такрор шуда буд ва шабакаи телефонии шаҳр рақами телефонии мазкурро телефон-автомат гўён арзёбӣ намуда буд. Аз рўи нуқтаи ҷойгиршавиаш телефон-автомати мазкур дар собиқ кӯчаи Партизани Сурх воқеъ дар наздикии стадиони «Спартак» ҷойгир будааст.
42 Сухан аз Ҷалолиддини Румӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор