Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Занги аввалин аз телефонии мазкур соати 1725 ва занги охирин соати 2153 дақиқа ба қайд гирифта шуда буд.
Мутаассифона, сабти овози абоненти номаълум дастраси тафтишот нашуд. Шабакаи телефонии шаҳр сабти овозро ҳамагӣ ҳафтоду ду соат нигоҳ медоштааст ва баъди он лентаи сабткунандаи овоз аз нав ба истифода дода мешудааст…
Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда ман ба ҳама он дилгармие, ки Нӯшин ба кор дошт ва маҳз бо ҳамин як амали одӣ масъулиятшиносии хешро ба вазифаи хизматиаш собит намуда буд, зери лаб аҳсант гуфтам.
Нӯшин аслан сайёди моҳиреро мемонд, ки овози кабкро дар ҳама ҳолат аз овози дигар парандагон фарқ карда метавонист.
Агар чунин набудӣ, ў ҳаргиз ба як сухани сари роҳи Бонози Даврон чунин таваҷҷуҳ зоҳир намекард.
Баъди пурсиши расмӣ ва азназаргузаронии ҷойи ҳодиса, дар ҳоле ки мо аллакай нияти ба идора баргаштан доштем, ҳамсари Сафо Боқӣ бо ишораи даст бандаро огоҳ намуд, ки каме сабр намоям. Мо ҳамин хел оҳиста-оҳиста то сари роҳи калон суҳбат намудем. Боноз гуфт, ки «дирўз соатҳои 15 ҳамсараш тариқи телефон ўро огоҳ намудааст, ки ба ноҳияи Ҳисор меравад ва эҳтимол то фардо субҳ баргашта натавонад»
- ба ёд овардам суханони рўзи 28-уми ноябр гуфтаи муфаттишро. Ҳарчанд баъди фиристодани номаи мазкур дар атрофи ҳамин қазия шабакаи телефонӣ дар ҷавоби он каме таъхир намуда бошад ҳам, ҷавоби фиристодаи онҳо худи тафтишотро қаноатманд намуда буд.
Новобаста аз он, ки номи абоненти аз телефон-автомат зангзананда барои тафтишот муаммо буд, вале мо умед бар анҷоми неки кор мебастем.
Кабк ҳамеша аз овози худаш ба дом меафтад, агар овози ўро сайёд дарк намояд.
Новобаста аз он ки Нӯшини Азиз дар кори тафтишот шахсияти бетаҷриба буд, вале ба ҳамин як сухани сарироҳи таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданаш худ нишонае аз масъулятшиносии ӯ буд.
Бонози Даврон бо ҳама таҷрибаи ҳаштсолаи дар зиндагӣ андухтааш як омили аз ҳама одиро дар он суҳбати сарироҳӣ ба инобат нагирифта, мусоҳиби ҷавону бетаҷрибаашро ба иштибоҳ андохтанӣ шудааст, бехабар аз он ки умри дурўғ кӯтоҳ аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор